27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
07.02.2026 08:58

Ироқчӣ: “Имрӯз ба сароҳат эълом кардем, ки шарти ҳар гуна гуфтугӯ, худдорӣ аз таҳдид ва фишор аст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон  дар посух ба пурсиши хабарнигорон бо ишора ба ин ки мавзуи гуфтугӯи Эрон ва Амрико сирфан ҳастаӣ аст, гуфт: “Дар ҷаласаи имрӯз ин нукта, ки гуфтугӯҳои ҳастаӣ ва ҳаллу фасли масоили аслӣ бояд дар фазои ором, бидуни таниш ва бидуни таҳдид сурат гирад, мавриди ишораи мо қарор гирифт. Шарти ҳар гуна гуфтугӯ, худдорӣ аз таҳдид ва фишор аст. Мо ин нуктаро имрӯз низ ба сароҳат матраҳ кардем ва интизор дорем, ки ҳатман риоят шавад, то имкони идомаи гуфтугӯҳо фароҳам бошад”.

Ба гузориши расонаҳо, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии ҶИЭ, пас аз поёни ин давр аз музокироти ғайримустақим бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Умон, дар ҷамъе аз хабарнигорони ҳозир дар Масқат гуфт: “Имрӯз мо гуфтугӯҳои тӯлонӣ ва фишурдае доштем. Аз соати 10-и субҳ, ки оғоз кардем, то кунун, ки наздик ба соати 6-и баъд аз зуҳр аст, ҷаласаҳои мутааддиде баргузор шуд - албатта ба шакли ғайримустақим. Оқои Бадр Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон, имрӯз заҳмати зиёде кашиданд - ҳам аз ҷиҳати меҳмоннавозӣ ва мизбонӣ ва ҳам аз ҷиҳати интиқоли суханҳо ва паёмҳои тарафайн ба якдигар.

Нигарониҳои Эрон дар фазои бисёр хуб ба тарафи муқобил интиқол шуд

Аббос Ироқчӣ бо ишора ба ин ки имрӯз чандин давр ҷаласаҳо баргузор шуд, гуфт: “Суханҳое, ки мо бо эшон доштем ва сипас, эшон бо тарафи муқобил матраҳ карданд, боис шуд пас аз ин муддати тӯлонӣ, ки гуфтугӯе надоштем, нуктаи назарҳо ба якдигар интиқол дода шавад. Ин мавзуъ бисёр муҳим буд. Нигарониҳои мо интиқол ёфт ва манофеи мо, ҳуқуқе, ки мардуми Эрон доранд ва ҳамаи мавориде, ки бояд гуфта мешуд, ба назари ман дар фазои бисёр хуб интиқол ёфт ва ҳамзамон дидгоҳҳои тарафи муқобил низ шунида шуд”.

Музокироти имрӯз, оғози хубе буд

Сайид Аббос Ироқчӣ бо таъкид бар ин ки музокирот оғози хубе дошт, чунин идома дод: “Аммо идомаи он ба ин аст, ки мо дар пойтахтҳо машваратҳое анҷом диҳем ва дар бораи чигунагии идомаи раванд тасмимгирӣ кунем. Дар бораи нафси идомаи гуфтугӯҳо тақрибан тавофуқи назар вуҷуд дошт ва қарор шуд ин раванд идома пайдо кунад, аммо ин ки замон, чигунагӣ ва таърихи он чӣ гуна бошад, дар машваратҳои баъдӣ ва аз тариқи оқои Бадр Бусаидӣ анҷом хоҳад шуд. Ба назари ман фазои хубе ҳоким буд ва дар як ҷумла метавонам бигӯям, ки оғози хубе буд”.

Беэътимодии Эрон ба Амрико чолиши сангин бар сари роҳи музокирот аст

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар идома хотирнишон кард: “Акнун дар марҳилае ҳастем, ки пас аз ҳашт моҳи пурталотум, ки як ҷангро пушти сар кардем ва ҳамаи масоили дигареро, ки медонем, қарор аст дубора як равандии гуфтугӯ оғоз шавад. Ин беэътимодии бисёр бузурге, ки дар ин муддат ба вуҷуд омада ва бар беэътимодиҳои қаблӣ афзуда шудааст, чолиши сангин бар сари роҳи музокирот аст ва мо ибтидо бояд бар ин фазои беэътимодии ҳоким ғалаба кунем ва сипас, битавонем чорчӯби як гуфтугӯи ҷадидро, ки ба истилоҳ битавонад манофеи мардуми Эронро таъмин кунад, тарроҳӣ кунем”.

Метавонем дар ҷаласаҳои баъдӣ ба як чорчӯби мавриди тавофуқ барои идомаи гуфтугӯҳо бирасем

Ӯ идома дод: “Имрӯз дар ин замина то ҳадде баҳсҳои хубе анҷом шуд ва дидгоҳҳои ду тараф шунида ва қарор шуд, ки ин раванд идома пайдо кунад. Тасаввури ман ин аст, ки агар ҳамин раванд ва ҳамин дидгоҳ дар ба истилоҳ тарафи муқобил идома пайдо кунад, метавонем дар ҷаласаҳои баъдӣ ба як чорчӯби мавриди тавофуқ барои ин гуфтугӯҳо ва дар бораи мавзуъоте, ки матраҳ аст, бирасем, аммо намехоҳам аз акнун қазоват кунам. Ба назари ман оғози хубе буд ва метавонад идомаи хубе ҳам дошта бошад, аммо ин мавзуъ ба тарафи муқобил ва албатта ба тасмимгириҳое, ки дар Теҳрон анҷом хоҳад шуд, бастагӣ дорад”.

Гуфтугӯ бо Амрико сирфан ҳастаӣ аст

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар посух ба пурсиши матраҳ шудани таҳдидҳои амниятии Амрико дар музокирот чунин посух дод: Мавзуи гуфтугӯҳои мо сирфан ҳастаӣ аст ва мо дар хусуси ҳеч мавзуи дигаре бо амрикоиҳо гуфтугӯ намекунем.

Албатта ин ки гуфтугӯҳои ҳастаӣ ва ҳаллу фасли масоили аслӣ бояд дар фазои ором, бидуни таниш ва бидуни таҳдид сурат гирад, мавриди ишораи мо қарор гирифт. Шарти ҳар гуна гуфтугӯ, худдорӣ аз таҳдид ва фишор аст. Мо ин нуктаро имрӯз низ ба сароҳат матраҳ кардем ва интизор дорем, ки ҳатман риоят шавад, то имкони идомаи гуфтугӯҳо фароҳам бошад.

Ба гузориши расонаҳо даври ҷадиди гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Амрико, ки аз субҳи ҷумъа дар Масқат бо миёнаравии Салтанати Умон оғоз шуда буд, дишаб ба поён расид. Дар ин давр аз гуфтугӯҳо, ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Иёлоти Муттаҳида маҷмуе аз назарҳо, мулоҳизаҳо ва равишҳои худро аз тариқи Бадр Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон, ба якдигар мунтақил карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.