Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Бо Эрон гуфтугӯҳои хубе доштем”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нахустин вокуниши Вашингтон ба музокирот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Умон гуфт: “Бо Эрон гуфтугӯҳои хубе доштем”.
Ба гузориши расонаҳо, Доналд Трамп шоми ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар суҳбат бо хабарнигорон афзуд: “Мо бо Эрон музокироти хубе доштем. Онҳо воқеан хостори тавофуқ ҳастанд”.
Ӯ афзуд: “Онҳо (Эрон) ба шиддат хостори тавофуқ ҳастанд. Бояд дид он тавофуқ чист ва фикр мекунам ба назар мерасад, ки Эрон мехоҳад ба тавофуқ бирасад”.
Трамп иддао кард: “Дафъаи гузашта онҳо тасмим гирифтанд, ки тавофуқ накунанд, аммо эҳтимолан ин дафъа фарқ мекунад. Бояд дид, нисбат ба дафъаи гузашта фарқ хоҳад дошт”.
Президенти ИМА идома дод: “Ҳафтаи оянда нишасти дигаре дар бораи Эрон баргузор хоҳад шуд. Барои расидан ба тавофуқ бо Эрон вақти кофӣ дорем”.
Трамп бо такрори иддаоҳои Вашингтон дар бораи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Эрон ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ нахоҳад дошт”.
Ӯ таъкид кард: “Он чизе, ки лозим аст аз ибтидо бо Эрон иттифоқ биафтад, надоштани силоҳи ҳастаӣ аст. Агар эрониҳо ҳамон аввал чизеро, ки ҳоло пешниҳод медиҳанд, пешниҳод мекарданд, мо бо он мувофиқат мекардем”.
Трамп ҳамзамон иддао кард, ки агар Эрон натавонад бо Амрико ба тавофуқ бирасад, “паёмадҳои бисёр шадид” хоҳад дошт.
Ӯ бо такрори иддаоҳо ва таҳдидҳои худ гуфт: “Мо як новгони бузург дорем ва он ба зудӣ ба он ҷо хоҳад расид. Бинобар ин хоҳем дид, ки корҳо чӣ гуна пеш хоҳанд рафт”.
Трамп дар посух ба хабарнигоре, ки бо ишора ба ҳузури Стив Уиткофф, Ҷаред Кушнер ва Брэд Купер, фармондеҳи СЕНТКОМ, дар музокироти Умон суол кард, ки то чӣ андоза барои расидан ба тавофуқ омода ҳастанд, гуфт: “Бояд мавқеи худро ҳифз кунед. Мо вақти зиёде дорем. Агар Венесуэларо ба ёд дошта бошед, муддате интизор мондем. Мо шитобе надорем”.
Президенти ИМА гуфт: “Мо бо Эрон ва ҳамчунин, бо Русия ва Украина гуфтугӯҳои хеле хубе дорем. Мо гуфтугӯҳои зиёде анҷом медиҳем.
Трамп афзуд: “Бо таваҷҷуҳ ба “натиҷаҳое, ки имрӯз бо Эрон доштем”, қарор аст аввали ҳафтаи оянда дубора дидор кунем. Онҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд. Эрон, ҳамон тавре ки бояд ҳам бихоҳад, мехоҳад ба тавофуқ бирасад. Онҳо паёмадҳои нарасидан ба тавофуқро медонанд. Агар ба тавофуқ нарасанд, паёмадҳо бисёр шадид ва сангин хоҳад буд. Бинобар ин, хоҳем дид, ки чӣ иттифоқе меафтад. Хоҳем дид, ки ҳама чиз чӣ гуна пеш меравад”.
Ӯ дар посух ба суоли дигаре дар бораи он ки оё тавофуқе, ки ба мавзуи ҳастаӣ маҳдуд шавад, қобили қабул аст ё не, гуфт: “Бале, ин қобили қабул аст, аммо аз ҳамон ибтидо як шарти асосӣ вуҷуд дорад ва он ин аст, ки ҳеч силоҳи ҳастаӣ набояд вуҷуд дошта бошад”.
Президенти ИМА иддао кард: “Агар ду сол пеш имкони ин тавофуқ вуҷуд медошт, анҷом мешуд, аммо онҳо тамоюле надоштанд. Ҳоло шароит фарқ кардааст ва имрӯз омодаанд корҳои бисёр бештариеро анҷом диҳанд. Натиҷаҳои хуб метавонанд мардумро шигифтзада кунанд”.
Даври нави гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Амрико пас аз Ҷанги 12-рӯза, рӯзи ҷумъа 6-уми феврали 2026 дар Масқат бо миёнаравии Салтанати Умон баргузор шуд. Дар ин давр аз гуфтугӯҳо, ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Амрико маҷмуае аз назарҳо, мулоҳизаҳо ва равишҳои худро тавассути Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон, ба якдигар интиқол доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”