Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар 287 ҳодисаи табиӣ 6 кас ҷон бохтаву зиёда аз 20 миллион сомонӣ зиён расидааст
Бинобар иттилои Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 287 ҳодисаи табиӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо 6 кас ҷон бохта, ба иқтисодиёти кишвар 20 миллиону 758 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли сипаригардида 83 маротиба ҳодисаи омадани сел, 79 маротиба тармафароӣ, 35 маротиба заминларза, 24 маротиба сангрез, 18 маротиба боришоти шадиди борон, 18 маротиба шамоли сахт, 14 маротиба баландшавии сатҳи об, 9 маротиба фаромадани ярч, 4 ҳолати раъду барқ, 2 ҳолати боришоти зиёди барф ва 1 ҳолати хунукии шадид сабт гардидааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 теъдоди ҳодисаҳои табиӣ ва хисорот кам ба қайд гирифта шуд. Бинобар маълумоти пешниҳодшуда, соли 2024 дар кишвар 639 ҳолати фавқулода сабт шуда, ҳаҷми умумии зарар 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил дода, 17 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”