Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
7 ҳазору 385 кӯдак аз падар ё аз модар ҷудо шуданд. Никоҳ ва талоқ дар кишвар кам шудааст
Тибқи иттилои Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 дар кишвар 72 ҳазору 437 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 760 ҳолат камтар аст.
Зимни нишасти матбуотӣ афзуда шуд, ки дар кишвар шумораи пошхурии оилаҳо низ кам гардидааст. Бинобар иттилои манбаъ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 535 никоҳ бекор гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 567 ҳолат камтар мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 7 ҳазору 385 кӯдаки ноболиғ ё аз падар ва ё аз модар дур мондаанд, ки ин нишондод низ дар муқоиса бо соли 2024-ум 1 ҳазору 11 кӯдак камтар аст.
Дар ин росто, дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки зӯроварӣ нисбати мардону занон афзудааст. Қайд гардид, ки давоми соли гузашта занон 3 ҳазору 609 маротиба аз зӯроварии мардон ва мардон 590 маротиба аз зӯроварии занон шикоят кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”