Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“Марги тадриҷӣ” дар зиндонҳои Исроил
Маркази мутолиоти асирони Фаластин дар гузорише ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо саратон” нисбат ба вазъи буҳронии 26 асири фаластинӣ, ки ба саратон мубтало ҳастанд, дар зиндонҳои Исроил ҳушдор дод ва эълон кард, ки зиндагии ин афрод ба далели маҳрумият аз табобат бо хатари марги фаврӣ рӯбарӯст.
Ба гузориши расонаҳо Риёз ал-Ашқар, мудири ин марказ гуфта, ки асирони мубтало ба саратон ба ҷойи дарёфти протоколҳои тахассусии табобатӣ, танҳо бо доруҳои одии таскинбахш нигоҳ дошта мешаванд.
Вай таъкид кард, ки пас аз амалиёти 7-уми октябри 2023 шароит дар зиндонҳои Исроил ба шиддат вахимтар шудааст ва мудирияти зиндонҳо ибтидоитарин ҳуқуқҳои табобатӣ ва ғизоиро аз асирони бемор дур кардааст.
Бар асоси ин гузориш, саратон пеш аз ҷанги ахир омили аввалини шаҳодати асирон буд, аммо акнун шиканҷа ҷойгузини он шудааст.
Ал-Ашқар ба фавти ду тан аз асирони фаластинӣ дар моҳҳои ахир ишора кард, ки ҳар ду ба далели саҳлангории тиббии қасдӣ ва дар ҳоле ки бо марҳилаҳои пешрафтаи саратон дасту панҷа нарм мекарданд, ҷони худро дар асорат аз даст доданд.
Дар баёнияи Маркази мутолиоти асирони фаластинӣ омадааст, ки дар миёни мубталоён ду зани асир ба номҳои Фидо Ассаф ваСуҳайр Заъоқиқ ҳузур доранд, ки аз ҳар гуна табобат маҳрум ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин, асирони қадимӣ, аз ҷумла Ҷамол Иброҳим Амрӯ (маҳкум ба ҳабси абад), ки саратони ӯ ба ҷигар ва гурда сироят кардааст ва Фаввоз Сабъ Баъора, ки илова бар саратон ниёзманди ҷарроҳии қалб аст, дар бадтарин шароити ҷисмонӣ ба сар мебаранд.
Ин ниҳоди ҳуқуқи башар бо таъкид бар ин ки муҳити зиндонҳои Исроил бистаре барои пайдоиши бемориҳои маргбор аст, аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ хост, то пеш аз аз даст рафтани фурсат, барои наҷоти ҷони ин асирон ва озодии фаврии онҳо иқдом кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”