Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Амрико бо ҳамкории президенти муваққати Венесуэла яке аз муттаҳидони наздики Мадуроро боздошт кард
Мақомҳои амрикоӣ эълон карданд, ки дар амалиёти муштарак бо масъулони Венесуэла Алекс Сааб, муттаҳиди наздики Николас Мадуро, раисиҷумҳури рабудашудаи ин кишварро боздошт карданд.
Ба гузориши Рейтерз, як мақоми амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе ҳамкории Делси Родригес, раисиҷумҳури муваққати Венесуэла, дар ин амалиёти муштаракро муҳим арзёбӣ кард.
Ба гузориши Рейтерз дар ин амалиёти муштарак Паул Горин, раиси шабакаи телевизионии “Globovision”-и Венесуэла низ боздошт шуд.
Алекс Сааб, 54-сола буда, тоҷири собиқи колумбиягӣ-венесуэлаӣ аст, ки соли 2020 низ дар “Кейп-Верде” боздошт шуда буд ва ба иттиҳоми дарёфти ришва беш аз се сол дар Амрико зиндонӣ буд.
Як мақоми амрикоӣ гуфт, ки интизор меравад Сааб дар рӯзҳои оянда ба Амрико интиқол дода шавад.
Ба дунболи ҳамлаҳои бомдоди 3-юми январи соли 2026-и неруҳои амрикоӣ ба хоки Венесуэла, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, аз рабудани Николас Мадуро ва ҳамсараш ва интиқоли онҳо ба Иёлоти Муттаҳида хабар дод.
Девони олии Қонуни асосии Венесуэла сипас ҳукм дод, ки Делси Родригес раёсати муваққати Венесуэларо бар уҳда бигирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”