Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз таъсиси 6 коргоҳу корхона то афзоиши истеҳсолот дар ноҳияи Сино
Тибқи иттилои Умед Гуреззода, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, давоми соли 2025 дар ноҳия 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 412 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Зимни нишасти матбуотӣ афзуда шуд, ки соли сипаригардида дар ҳудуди ноҳия 341 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, дар онҳо истеҳсоли 82 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмуъ ба маблағи 2 миллиарду 708,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 727,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 136,7 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар соли 2025 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда 15280 воҳидро ташкил дода, ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 839 ҷойи корӣ зиёд мебошад. Дар ин росто, 3033 сокини ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”