27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
04.02.2026 15:45

Ҳамкории роҳбурдӣ дар соҳаи энержӣ; меҳвари гуфтугӯи Путин ва Си Ҷинпин

Владимир Путин, президенти Русия ва Си Ҷинпин, ҳамтои чинии ӯ, дар як тамоси видеоӣ дар бораи равобити дуҷониба ва ҳамкории роҳбурдӣ дар соҳаи энержӣ гуфтугӯ карданд.

Хабаргузории “Синхуа” хабар дод, ки Си Ҷинпин рӯзи чоршанбе дар Пекин дар як тамоси видеоӣ бо президенти Русия гуфтугӯ кард.

Президенти Русия дар ин тамоси видеоӣ ба ҳамтои чинии худ гуфта, ки равобити онҳо “омили муҳимми суботбахш” дар миёни ноустувории ҷаҳонӣ аст ва Маскав омода аст ҳамкории наздик бо Пекинро дар масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идома диҳад.

Вай бо ишора ба он ки ҳамкории энержӣ барои ҳар ду тараф судманд ва роҳбурдӣ аст, таъкид карда, ки тиҷорат миёни ду кишвар барои сеюмин сол пайдарпай аз 200 миллиард доллар гузаштааст ва пешбинӣ карда, ки ин раванд ба таври пайваста идома хоҳад ёфт.

Путин изҳор дошт, ки Русия ва Чин дар чандин созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай, “нақшҳои калидӣ” ифо мекунанд.

 Ин тамоси телефонӣ чанд рӯз пас аз он сурат мегирад, ки дипломатҳои аршади ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд, равобити дуҷониба метавонад имсол “ба арсаи наве” табдил шавад, дар ҳоле ки Пекин ва Маскав дар пайи афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳастанд.

Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар авоили соли 2022, ҳамкории роҳбурдии онҳо наздиктар шудааст. Си Ҷинпин беш аз як моҳ пеш дар як тамоси телефонӣ ба муносибати Соли нав “омодагии худро барои идомаи табодулоти наздик” бо Путин иброз кард.

Охирин дидори ҳузурии онҳо дар моҳи сентябр  буд, ки Президенти Русия дар размоиши низомии бузурги Пекин ширкат кард. Дар ҷараёни ин сафар, Путин дар ҷараёни музокирот ба Си Ҷинпин гуфт, ки равобити кишварҳояшон дар “сатҳи бесобиқае” қарор дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.