Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва ҳавоии Исроил ба Ғазза
Артиши Исроил аз захмӣ шудани яке аз низомиёни худ дар шимоли Ғазза хабар дода ва ба ин баҳона ба Ғазза ҳамлаҳои шадид анҷом дод.
Ба гузориши имрӯз, ба нақл аз “Скай Нюс” (Sky News), артиши Исроил аз захмӣ шудани як низомии худ ба шакли хатарнок дар шимоли Ғазза хабар дод.
Аз сӯи дигар, шабакаи “Ал-Ҷазира” гузориш дод, ки дар пайи тирпаронӣ ба сӯи низомиёни исроилӣ дар наздикии хатти зард дар шимоли Навори Ғазза, ки боиси ҷароҳати шадиди як афсар шуд, артиши Исроил бо муттаҳам кардани тарафҳои фаластинӣ ба нақзи созишномаи оташбас, ҳамлаҳои сангини ҳавоӣ ва тӯпхонаии худро алайҳи ҳадафҳо дар ин минтақа оғоз кард.
Тибқи баёнияи расмии Артиши ин кишвар, ин ҳамла дар наздикии минтақае, ки ба “хатти зард” маъруф аст, дар шимоли Навори Ғазза рух дод.
Ҳамзамон мақомоти низомии Исроил иддао карданд, ки ин иқдом нақзи ошкори созишномаи ҷории оташбас аст.
“Ал-Ҷазира” низ аз ҳамлаҳои Исроил ба ин баҳона хабар дод.
Артиши Исроил чунин иддао кард: “Дар посух ба ҳадаф қарор гирифтани неруҳои мо дар шимоли Навори Ғазза, ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва ҳавоӣ алайҳи ҳадафҳое дар ин минтақа анҷом шудааст”.
Расонаи “Едиъот Аҳронот” ба нақл аз фармондеҳии минтақаи ҷануби артиши Исроил иддао кард, ки артиши ин режим омодаи ҳадаф қарор додани марказҳое дар Ғазза дар вокуниш ба захмӣ шудани як афсари исроилӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки манобеи бемористонӣ дар Ғазза аз шаҳодати 9 нафар ва захмӣ шудани чанде дигар дар ҳамлаҳои ишғолгарон дар шаҳрҳои Ғазза ва Хон-Юнус дар бомдоди имрӯз хабар доданд.
Манобеи фаластинӣ аз шаҳодати 6 фаластинӣ, аз ҷумла ду кӯдак, бар асари ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ба минтақаҳои Ал-Зайтун ва Ал-Туффоҳ дар шарқи шаҳри Ғазза хабар доданд.
Ҳамчунин, манобеи бемористонӣ аз шаҳодати се нафар дар ҳамлаи Исроил ба хаймаи оворагон дар ҷануби шаҳри Хон-Юнус хабар доданд, ки яке аз онҳо кӯдак аст.
Ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз октябри 2023 то кунун, тақрибан 72 ҳазор шаҳид, беш аз 171 ҳазор захмӣ ва вайронии 90 дарсади зерсохтҳоро ба ҳамроҳ доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”