27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
04.02.2026 11:39

Тиҷорат ва рисолат. Чӣ тавр мактаби “ITRUN” барои касбомӯзии кӯдакону калонсолон кумак мекунад?

Ин навбат Dialog.tj бо Умедахон Пулатова, ҳаммуассиси мактаби барномасозии “ITRUN” дар мавриди рисолату вазифаҳои мактаби мазкур, касбомӯзон, бозори меҳнат ва фазову муҳити барномасозӣ дар кишвар суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

АЗ МУШКИЛОТИ ШАХСӢ ТО РОҲКУШОӢ САДҲО КАСБОМӮЗ

- Идеяи таъсиси мактаби барномасозии “ITRUN” аҷиб аст. Яъне барои писаратон хостед курси барномасозӣ ёбед ва наёфтеду худатон ин мактабро таъсис додед. Бигӯед, ки агар ба худатон лозим намешуд, оё ин мактаб таъсис меёфт?

- Агар ман худам бо мушкили ҷустуҷӯи курсҳои омӯзишии соҳаи IT барои писарам рӯ ба рӯ намешудам, шояд чизи дигаре мекушодам, зеро баъди кор дар бонк ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамеша дар фикри фаъол кардани кори шахсии худ будам. Фикр мекунам, маҳз ниёзи шахсӣ лоиҳаи тиҷоратиро ба рисолат табдил дод ва ҳоло “ITRUN” ба маконе табдил ёфтааст, ки тақдирҳо тағйир меёбанд.

- Чаро мактаб махсус “ITRUN” номгузорӣ гардид?

- Мо фаъолияти худро бо харидани франшизаи мактаби байналмилалии барномасозии “ITRUN”-и Бишкек оғоз кардем. Ин франшизаро танҳо бо 3 курс харидорӣ намудем. Пас аз як моҳи кушодашавии мо пандемияи COVID-19 оғоз шуд ва ҳама ба карантин баромаданд. Дастае, ки бояд моро аз рӯи бастаи франшиза аз Бишкек ҳамроҳӣ мекард, онҳо ҳам дар карантин буданд ва алоқаи мо канда шуду тамоми шартҳои шартномаи франшиза вайрон гардиданд. Мо ин номро нигоҳ доштем ва пас аз карантин бо иловаи курсҳои нав дубора корро оғоз кардем. Аз ҷониби дигар, мафҳуми “ITRUN” мақсади соҳаи моро инъикос мекунад. "Run" ин ҳаракат, оғоз ва суръат аст. Дар IT дар як ҷо истодан мумкин нест, зеро технологияҳо ҳар ним сол нав мешаванд.

- “ITRUN”-ро аввалин мактаби барномасозӣ дар кишвар меноманд. Оё қадами аввалро гузоштан ба самте, ки он ҷо муваффақ шудан кафолат надорад, душвор набуд?

- Қадами аввал ҳамеша таваккал аст, махсусан, вақте ки ту бозорро дар ҷое месозӣ, ки он ҳанӯз вуҷуд надорад. Албатта, тарс буд. Вале мо таҳкурсии мустаҳкам доштем. Таҷрибаи ман дар таҳлили бозор ва таҷрибаи техникии шарикам имкон дод, ки ин корро анҷом диҳем. Ногуфта намонад, ки вақте мо аз доираи омӯзиши кӯдакон берун баромада, курсҳоро барои калонсолон ба роҳ мондем ва хатмкунандагони калонсоли мо занг зада, мегуфтанд, ки “Ман пешниҳоди корӣ гирифтам”, “Маро ба кор қабул карданд”, “Орзуи ман амалӣ шуд” мо фаҳмидем, ки дар роҳи дурустем ва кори хубе карда истодаем.

- Дар мактаби шумо курсҳои барномасозӣ барои кӯдакон ва калонсолон ҳастанд. Лутфан дар бораи курсҳое, ки ҳоло фаъоланд ва одамон таҳсил карда метавонанд маълумот диҳед.

- Ҳоло дар “ITRUN” барои кӯдакон ва наврасон курсҳои барномасозии визуалӣ (Scratch, App inventor), саводи рақамӣ, HTML, CSS, JS, асосҳои Python, асосҳои С#, дизайни графикӣ ва барои калонсолон Frontend-коркард (HTML/CSS/JavaScript/React), Backend-коркард (С#, Python/Django, Golang, Java), UX/UI дизайн, коркарди мобилӣ (Android/iOS), QA-тесткунӣ ва таҳлили маълумот дар SQL/Python/Power BI фаъоланд.

- Муҳлати таҳсил дар курсҳо чанд вақт аст ва оё ба шогирдон кафолати аз худ намудани касбро медиҳед?

- Давомнокии курсҳо вобаста ба мураккабии онҳо аз 3 то 6 моҳро ташкил медиҳад. Бояд бигӯем, ки аз худ кардани касб ин раванди дуҷониба аст. Мо "автомобил"-и муосир ва харитаи роҳро медиҳем, вале пахш кардани педали газ ва рондани онро худи донишҷӯ бояд омӯзад. Онҳое, ки ҳамаи супоришҳоро иҷро мекунанд, маводро аз худ карда, корҳои синфӣ ва мустақилонаро анҷом медиҳанду хоҳиши зиёд доранд, натиҷаи дилхоҳро ба даст меоранд.

- Ба итмом расонидани як курс гапи дигар асту соҳибкасб шудан гапи дигар. Оё мешавад ҳолате, ки таълимгирандагон курсеро пурра аз худ накардаанд, вале сертификат мегиранд?

- То замоне ки шогирдон курсро пурра ба охир нарасонанд ва лоиҳаашонро ҳимоя накунанд, сертификат намегиранд. Мо обрӯи “ITRUN”-ро дар назди корфармоён қадр мекунем. Агар ширкат сертификати моро бинад, бояд мутмаин бошад, ки ин шахс аз таҷрибаи ҷиддӣ гузаштааст. Албатта, дар давоми ним сол мутахассиси сатҳи баланд шудан мумкин нест, балки ин роҳи тӯлонист, вале шогирдони мо заминаи асосӣ ва аввалин лоиҳаи воқеии худро соҳиб мешаванд.

- Оё дар академияи шумо ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки ба онҳо имтиёз диҳед? Яъне маъюбон, ятимон, онҳое, ки шароити хуб надоранд.

- Мо боварӣ дорем, ки IT демократитарин соҳа аст ва дар он зеҳн муҳим аст, на имконияти ҷисмонӣ ё шароити зиндагӣ. Аз ин рӯ, мо мунтазам барои ятимон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат квотаҳо барои омӯзиши ройгон ё тахфифҳои назаррас ҷудо мекунем. Ҳамчунин, дар соҳаи IT ҳанӯз ҳам нобаробарии гендерии муайян мавҷуд аст. Бинобар ин, дар “ITRUN” мо муҳитеро фароҳам меорем, ки духтарон ва бонувон худро то ҳадди имкон бароҳат ва мутмаин ҳис кунанд. Мо бо маблағгузории шарикони худ ва ташкилотҳои байналмилалӣ грантҳо ва курсҳои ройгонро роҳандозӣ мекунем. Мебинем, ки духтарон аксар вақт дар самтҳое, ки диққати махсусро талаб мекунанд, ба монанди UX/UI дизайн, Frontend-коркард ва QA-тесткунӣ муваффақиятҳои барҷаста нишон медиҳанд.

- Муаллимонро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Ба шарофати шарики ман ва ширкати IT-и ӯ мо сатҳи хеле баланди интихоб дорем. Барои курсҳои калонсолонамон танҳо барномасозони амалкунанда (сатҳи Middle ва Senior) дарс медиҳанд. Онҳо пас аз кори асосии худ дар ширкатҳои IT барои дарс додан меоянд ва бо худ намунаҳои (кейсҳои) навтаринро меоранд.

- Дар мавриди ба кор таъмин кардан аз рӯи ихтисоси барномасозӣ академияи шумо ба соҳибкасбон чӣ кумак карда метавонад?

- Мо ба довталабон кӯмак мекунем, ки на танҳо дониш гиранд, балки ба як кадри омодашуда табдил ёбанд. Бо шарофати таҷриба ва дониши муаллимон ва рисолати муайяншудаи ташкилотамон донишҷӯёнро дар асоси супоришҳои ширкатҳои IT меомӯзонем. Ҳамчунин, мусоҳибаҳо мегузаронем ва хатмкардаҳои беҳтаринро мустақиман бо корфармоён мепайвандем ва ҳамчун пуле миёни истеъдодҳо ва бозор баромад мекунем.

- Азбаски идеяи таъсиси “ITRUN” аз хоҳиши барномасоз шудани писаратон баромад, лутфан бигӯед, ки он кас барномасозиро омӯхтанд?

- Бале, писарам асоси барномасозиро аз худ кард, забонҳои барномасозӣ ва сохтори кодро озодона мефаҳмад. Ӯ се сол пайи ҳам шарафи мактабро дар олимпиадаҳои барномасозӣ ҳимоя кард. Аммо ҳоло мо аз як марҳилаи хеле ҷолиб ва муҳим давраи худмуайянкунии касбӣ гузашта истодаем. Ӯ IT-ро муваққатан боздошт, зеро шавқу рағбаташ васеътар шуд.

БАРНОМАСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

- Ба фикри шумо, соҳаи барномасозӣ ҳоло дар кишвари мо дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Имрӯз соҳаи IT дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ин соҳа аз як соҳаи ҳаваскорон ба як бахши тавонои иқтисодиёт табдил меёбад. Бо шарофати стратегияҳои давлатӣ ва дастгирии ниҳодҳои байналмилалӣ мо талаботи азимро ба кадрҳои босифат мебинем. Ҳамчун ҳаммуассиси мактаб ва шарики соҳиби ширкати фаъоли IT, мебинам, ки бозор пухтатар шудааст ва касби барномасозӣ дар кишвари мо аз ҷиҳати стратегӣ муҳим ва ниҳоят ояндадор аст.

- Ба андешаи шумо, кадом мушкилиҳо монеъ мешаванд барои рушди соҳаи барномасозӣ дар ҷумҳурии мо?

- Рушди соҳаи IT дар кишвари мо имрӯз бо суръати таъсирбахш идома дорад, махсусан дар доираи солҳои 2025-2030, ки “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шудааст. Мо ҷорӣ намудани насли 5G ва дастгирии давлатиро тавассути ташаббусҳое ба монанди таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва IT-Park мебинем. Албатта, мисли ҳар як соҳаи зудсабз, вазифаҳое ҳастанд, ки таваҷҷӯҳро талаб мекунанд. Масалан, зарурати боз ҳам арзон кардани нархи интернети баландсуръат барои ҳадафҳои таълимӣ ва зиёд шудани омӯзгорони соҳибкасб.

- Барномасозиро касби оянда мегӯянд, оё зеҳни сунъӣ, ки ҳоло код менависаду кори бархеҳоро осон кардааст, ба соҳаи барномасозӣ таҳдид намекунад?

- Мо дар “ITRUN” зеҳни сунъиро на ҳамчун таҳдид, балки ҳамчун як абзори пуриқтидор мебинем, ки барномасозро аз корҳои якранг барои ҳалли бархе вазифаҳо озод мекунад. Тавре шарикам бо таҷрибаи зиёда аз 15-солааш дар коркард қайд мекунад, шабакаҳои нейронӣ одамро иваз намекунанд, балки ӯро пурқувват мекунанд. Имрӯз барномасоз ба як “дирижёр”-и технологияҳо табдил меёбад, ки бояд тавонад ба зеҳни сунъӣ дуруст вазифа гузорад ва натиҷаро назорат кунад.

- Дар кишвари мо мактаб ё академияҳои барномасозӣ ҳастанд, оё таъсиси чунин таълимгоҳ аз ҷиҳати молӣ фоидаовар аст ё танҳо барои хизмат ба ҷомеа мебошад?

- Дар кишвари мо имрӯз муҳити солими таълимии рақобатпазир ташаккул меёбад, ки дар он дар канори донишгоҳҳои давлатӣ ташаббусҳои хусусӣ низ бомуваффақият рушд мекунанд ва мо аз пайдоиши ҳамкорони нав дар бозор истиқбол мекунем. Таъсиси мактабе ба монанди “ITRUN”, бешубҳа, як лоиҳаи дорои аҳамияти иҷтимоист, ки онро метавон хидмат ба ҷомеа номид, аммо ба шарофати ҳамоҳангӣ бо ширкати IT-и фаъоли шарикам ва равиши систематикӣ ба идоракунӣ, ба мо муяссар мешавад, ки як модели устувори тиҷоратиро бисозем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ҷавонони боистеъдод кумаки иҷтимоӣ расонем, балки пайваста ба сифати омӯзиш, технологияҳои нав ва рушди инфрасохтор сармоягузории дубора кунем ва исбот намоем, ки таҳсилоти босифат метавонад як самти мустақил ва ояндадор бошад.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.