Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар зиёд гардидааст
Бинобар иттилои Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 аз ҷониби 30 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатнома барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар 35 ҳазору 747 нафар аз ҷумла, тавассути сохторҳои дахлдори вазорат 21669 шаҳрванд ба хориҷи кишвар бо кор таъмин гардидаанд.
Зикр гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 18805 нафар зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳо бо ширкатҳо ва корфармоёни Давлати Қатар тавассути Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” зиёда аз 500 нафар довталаб сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли 2025 барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби Корея 800 бурсия (квота) ҷудо шуд.
“Дар доираи ҳамкории Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва Маркази «EPS center»-и Корея 68 нафар довталаб баъди омӯзиш дар курсҳои омодагии касбӣ ва омӯзиши забони кореягӣ, дар санҷиши EPS Topik муваффақ шуданд. Аз онҳо 21 нафар тавассути портали корҷӯёни Корея аз ҷониби корфармоён интихоб ва бо кор таъмин шуданд”, - зикр гардид дар нишаст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”