27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
03.02.2026 13:56

Соли гузашта 72 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 154 ҳазору 822 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 120 ҳазору 391 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ба 67 ҳазору 853 нафар мақоми бекорӣ дода шуда, аа ҳолати 1-уми декабри соли 2025 теъдоди бекорони дар қайдбуда 58,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бинобар иттилои вазорат, дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 давоми соли гузашта 72 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 102,4 фоизи дурнамои солонаи барномаро ташкил дод.

“Аз ҷумла, 8759 нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин нишондод 99,5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2024-ум 1,6 фоиз зиёд мебошад”, - омадааст дар варақаи иттилоотии Вазорати меҳнат.

Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 10 ҳазору 58 корхонаю ташкилот иштирок намуданд. Дар натиҷаи чорабинии мазкур 11 ҳазору 336 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 12,1 нафар рост меояд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.