Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пастсифат ва ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Бақайдгирии беш аз як миллион килограмм маҳсулоти ғизоӣ дар як сол
Аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025-ум 1 миллиону 228 ҳазору 546 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шудааст.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта дар озмоишгоҳҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳазору 896 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 104 ҳазору 258 килограмм равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 ҳазору 305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 31 ҳазору 59 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 1939 килограмм консерва, 166 ҳазору 470 килограмм намак, 4323 килограмм меваи хушк, 6405 килограмм чой, какао, 51 ҳазору 915 килограмм орд, 255 ҳазору 153 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 585 ҳазору 635 килограмм маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”