Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Қариб 11 миллион сомонӣ. Ҷаримаи шаҳрвандон барои риоя накардани қонуни танзим
Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2025 дар кишвар вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 138 ҳолат кам мебошад.
Бинобар иттилои дастрас, вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъйин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шуд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2025 дар кишвар 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1907 маъракаю маросим кам мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад