Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон”. Вазорати тандурустӣ ба сабти овозӣ вокуниш кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабти овозие, ки чандест дар паёмрасони Вотсап дар гардиш аст, вокуниш кард.
Бояд гуфт, ки дар паёмрасони Вотсап сабти овозие паҳн шудааст, ки зане иддао мекунад, ки гуё як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятро паҳн мекунанд.
Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниш кард ва гуфт, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, дар кишвар ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад.
“Паҳн гаштани чунин овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ танҳо бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон аз ҷониби афроди ғаразнок ва манфиатҷӯ мебошад”, - навиштааст маркази матбуоти вазорат.
Манбаъ меафзояд, ки табибони оилавии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида баҳри гузаронидани иммунизатсия, назорати занони ҳомила ва дигар корҳои ба фаъолияташон алоқаманд дар минтақаҳои барояшон вобастагашта хона ба хона мегарданд.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шаҳрвандон ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”