Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ 7 қиморбоз боздошт шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ошкори як ҳолати ташкили қиморхона дар манзили истиқоматӣ хабар дод.
Тавре ки манбаъ меафзояд, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ як ҳолати ташкили қиморхона дар манзили истиқоматиро дар ҳудуди деҳаи Тоҷикободи ноҳияи мазкур ошкор намуданд.
Муайян шудааст, ки шаҳрвандон Назаров Алиҷон Мирзошарипович, соли таваллудаш 1985, Баҳовудинов Хуршед Исмоилович, соли таваллудаш 1982, Файзуллоев Диловр Сангилоевич, соли таваллудаш 1984, Завқиев Муҳамадшоҳ Мирзоназарович, соли таваллудаш 1986, Рузибоев Дустмуҳаммад Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1993, Завқиев Давлатбек Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1991 ва Тураев Назаралӣ Ҳусейнович соли таваллудаш 1990 дар манзили истиқоматии Баҳовуддинов Ҳ.И. дар ҳайати гурӯҳӣ давраи қиморбозӣ ташкил кардаанд.
"Усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз қартаро бо қиморбозии навъи «Хлюс» ҷамъияти 7 нафара истифода бурда ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки номбурдагон вақти бозӣ боздошт шуда, нисбат ба ҳар кадомашон барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо моддаи 465 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”