Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Аҳолӣ - калонтарин қарздор аз барқ
Имрӯз, 29-уми январ, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми соли 2025 дар кишвар 23 миллиарду 982,6 милион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсоли шудааст.
Манбаъ афзуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 1 млрд 534,9 млн кВт-соат ё 6,5% зиёд аст.
Дар ин росто, иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар соли 2025 ба 1 млн 328,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба як соли паш 2 фоиз зиёд мебошад.
Илова бар ин, Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки қарзи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ 3 миллиарду 634,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки танҳо аҳолии кишвар аз барқ 1 миллиарду 161,7 миллион сомонӣ қарздор аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад