Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз таъсиси «Шоҳин Эйр» то зиёд шудани батаъхирмонии парвозҳо
Тавре ки Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии иттилоъ дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусии «Шоҳин Эйр» таъсис дода шуд.
Зикр гардад, ки ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи дастрас намудани ҳавопаймоҳо бо ширкатҳои бонуфуз, аз қабили «Airbus» ва «Boeing» гуфтушунид доранд.
Инчунин, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба беш аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид, ки ин омор нисбат ба соли 2024 беш аз 600 хатсайр ё 7,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 18 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 16 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур ва 2 ширкати ватанӣ «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 2 ҳазору 197 ҳолати батаъхирмонии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки ин омор нисбат ба соли 2024-ум 126 парвоз ё 6 фоиз зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”