Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба 1 миллиону 752 ҳазор оила кумакпулӣ ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст
Бинобар иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми соли 2025 дар кишвар 203563 ҷарроҳии беморхонавӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ афзуда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи ҷарроҳиҳои миниинвазивӣ 28624 ададро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 18,6% бештар аст.
Манбаъ иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар соли 2025 ба 330 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора пайвандсозии гурда 222 адад ва пайвандсозии ҷигар 108 ададро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин давра ба 95 нафар бемори хориҷӣ амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.
Зикр гардид, ки дар соли сипаригардида аз ҷониби табибони ватанӣ 72 навигарӣ ворид карда шудааст, ки аз онҳо 14 навигарӣ дар самти ташхис ва 58 навигарӣ дар самти табобат мебошанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки давоми соли 2025 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии зерсохторҳои Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 37665 нафарро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифтаанд, ки 11863 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд. Дар маҷмуъ, соли гузашта ба 1 млн 752 ҳазор оила аз табақаҳои ниёзманд кумакпулӣ ва хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”