27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
28.01.2026 08:19

Дар макотиби олии касбӣ шумораи ихтисосҳо ва нақшаи қабул зиёд шудааст

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзудани шумораи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимӣ хабар дод.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 пешниҳод гардид, 867 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 71 адад зиёд мебошад.

Манбаъ афзуд, ки соли гузашта нақшаи қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 70 ҳазору 730 ҷой муқаррар гардида буд, ки нисбат ба соли 2024-ум 2396 ҷой зиёд аст. Инчунин, зикр гардид, ки аз ин шумора 11 ҳазору 622 ҷой барои таҳсили ройгон ва 59 ҳазору 108 ҷой барои таҳсили пулакӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2025 қабули донишҷӯён ба воситаи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба 129 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.