Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хатлон: “Беш аз 130 омӯзгори ҷавон бо замин ва қарзҳои имтиёзнок таъмин гардиданд”
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, дар вилояти хатлон давоми соли 2025 беш аз 130 омӯзгори ҷавон бо замин ва қарзҳои имтиёзнок таъмин гардиданд.
Зимни нишасти матбуотии раёсати маорифи вилояти Хатлон зикр гардидааст, ки баргузории озмунҳои маърифатӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китобхони беҳтарин» ва дигар ташаббусҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагони вилоят мусоидат намуда, дар соли 2025 вилояти Хатлон бо касби 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 Шоҳҷоиза, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷумҳурӣ мавқеи аввалро ишғол кард.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дастовардҳои хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ назаррас буда, дар маҷмуъ 800 нафар хонанда соҳиби 49 медали тилло, 105 медали нуқра ва 646 медали биринҷӣ гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”