Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Худро корманди Вазорати кишоварзӣ гуфта, 732 ҳазор сомониро тасарруф намудааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти сокини ноҳияи панҷ хабар дод, ки дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар аст.
Манбаъ менависанд, ки дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш шаҳрванд Бутаков Амрудин Исматович соли таваллудаш 16.09.1979, сокини ноҳияи Панҷ дастгир карда шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дастгиршуда бо ҳар гуна ному насаби сохта дар байни мардум худро корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Агролизинг»-и шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, иброз доштааст, ки шахси масъули мансабдори давлатӣ доир ба хариду фурӯши таҷҳизотҳои техникии хоҷагии қишлоқ аст. Бо ин роҳ, ба боварии шаҳрвандон даромада бо баҳонаи аз кишварҳои хориҷӣ ворид намудани трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ тариқи имтиёзнок аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, онҳоро фиреб ва маблағҳои калони ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Ба навиштаи РВКД дар вилояти Хатлон, аз лаҳзаи дастгиршавӣ то ҳол тафтишот 8 ҳолати ҷинояти қаллобии Бутаков Амриддинро ошкор намудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидашуда 732 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Бутаков А.И. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”