27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Вазорати фарҳанг: “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Тоҷикистон қабул шуд”
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи пурсамари муассисаҳои фарҳанги кишвар ва ҳаллу фасли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа аз ҷониби вазорат як қатор лоиҳаҳо таҳия гардиданд.
Матлубахон Сатториён афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои «Консепсияи муаррифии фарҳанги миллӣ барои солҳои 2026-2040», «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат, рассомӣ ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия шуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то ҳол бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”