Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
145 лоиҳаи телевизиониву 68 барномаи радиоӣ. Кумитаи телевизион ва радио ҳисобот дод
26-уми январ Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми соли гузашта тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ 145 лоиҳа ва барномаи нави телевизионӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни нишаст, мавсуф афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои радиоии ҷумҳуриявию минтақавӣ дар маҷмуъ 68 номгӯи бахш ва барномаи нави радиоӣ таҳия шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида сабт ва пахши филмҳои мустанад аз мавзеъҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз ёфт, ки онҳо тариқи телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуданд. Ҳамаи ин филмҳо бо истифода аз зернависҳо ба забони англисӣ таҳия гардидаанд.
Гуфта шуд, ки соли 2025 тариқи Телевизиони Тоҷикистон рубрикаи алоҳида оид ба нақши донишмандони тоҷик дар поягузорӣ ва ташаккули илми башарият роҳандозӣ шуд, ки ин тарҳ низ бо зернависи забони англисӣ тарҷума шуд.
Тибқи ҳисоботи расмӣ, ҳоло дар кишвар 106 шабака ва муассисаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”