27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
ШЕЪР АЗ БАТНИ ЗИНДАГӢ. РӮНАМОИИ “МЕҲРОБИ ОФТОБ” БО ПАЁМЕ АЗ ШОИРИ ҶАВОН
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби тозанашри шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сафар Абдураҳим бо унвони “Меҳроби офтоб” баргузор гардид. Ин маҳфили адабӣ дар баробари муаррифии як маҷмуаи шеър, ҳамчунин, гуфтугӯи ҷиддӣ дар бораи шеъри даврони истиқлол, ҷойгоҳи ғазал ва таҷрибаи шоир дар матни адабиёти муосирро дар бар гирифт. Дар маҳфил адибон, мунаққидон, адабиётшиносон, устодони донишгоҳҳо ва алоқамандони шеъри муосири тоҷик ҳузур доштанд. Маҳфили рӯнамоии “Меҳроби офтоб”-ро Толиб Луқмон, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оғоз бахшид.
Китобе, ки аз “Кӯчаи бовар” оғоз мешавад
Маҷмуаи “Меҳроби офтоб” чаҳорумин дафтари шеъри Сафар Абдураҳим буда, бахши аввали он бо унвони “Кӯчаи бовар” (машқи ғазал) пешниҳод шудааст. Тавре ки дар сарсухани китоб таъкид мегардад, худи муаллиф аз иддаои комилан “ғазал” номидани ин ашъор ҳанӯз эҳтиёт мекунад, аммо аз лиҳози муҳтаво ва сатҳи ҳунарӣ маҳз ҳамин бахш ҷойгоҳи марказии китобро ташкил медиҳад.
Рустам Ваҳҳобзода, Шоири халқии Тоҷикистон ва донишманди тоҷик дар сарсухани худ ба китоби “Меҳроби офтоб” таҳти унвони “Сафар бо рушноӣ” менависад, ки ғазалҳои Сафар Абдураҳим сода, самимӣ ва дур аз ҳар гуна такаллуфи сунъӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, шоир ҳаргиз ба хотири ҳунарнамоии маҳз маънои ориятиро ба матн ворид намекунад, балки ҳунар ба таври табиӣ дар ҷараёни баёни фикр ҳузур дорад: “Масалан, дар ғазале бо корбурди санъати дуқофия омехта бо навъе таҷнис Сафар тавони табъи хуби шеъриро намудор кардааст, ки матлаъу мақтаъи он чунин аст:
Чун ҳоли дил, ки мешавад аз интизор зор,
Аз ифтихори пуч шавад ифтихор хор.
Як оҳ мондааст, ки таркад дили Сафар,
Ҳарфи сукути ӯ бувад аз инфиҷор ҷор.
Дар ҳамин ҳол ҳам, тавре мебинем, шоир саргарми баёни ҳамон матолибест, ки ҳадафи ғоии ашъори ӯро ташкил медиҳанд ва ба тасодуф ба хотири ҳунарнамоии маҳз матлаби ориятиеро ба баён наовардааст. Аммо ҳақиқатҳои табиӣ ва содае, ки шоир аз онҳо барои шеъри худ моя мегирад, дар бисёр мавридҳо аз доираи маънои сатҳии худ фаротар мераванд ва ба сурати бисёр муътамад бар уфуқҳои дуртаре густариш меёбанд. Масалан, гоҳе ки шоир аз як амри воқеъ сухан мегӯяд: аз он ки ӯ охирин фарзанди тобистон (зодаи 31-уми август) ва ҳамзамон охирин фарзанди падару модари худ аст:
Охирин фарзанди тобистон манам,
Баччаи дилбанди тобистон манам...
Охирин фарзанди як модар, падар,
Охирин фарзанди тобистон манам”.
Баҳои Иттифоқи нависандагон: “Муаррифгари шеъри замони истиқлол”
Толиб Луқмон, шоир ва муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зимни суханрониаш эҷодиёти Сафар Абдураҳимро ҳамчун муаррифгари адабиёти даврони истиқлол арзёбӣ намуд. Ба андешаи ӯ, даврони истиқлол ба адабиёти тоҷик имкони нафаси тоза додааст ва Сафар Абдураҳим аз ҷумлаи он шоиронест, ки ин нафасро эҳсос ва таҷассум мекунад.
Ӯ таъкид намуд, ки Сафар Абдураҳим ғазали солим ва фасеҳ мегӯяд ва маҳз ҳамин вижагӣ боис шудааст, ки дар ин навъи шеър муваффақ гардад. Ҳамчунин, Толиби Луқмон таъкид кард, ки гарчи Сафар аз варзиш (Сафар Абдураҳим хатмкардаи Донишкадаи тарбияяи ҷисмонии Тоҷикистоон ба номи С. Раҳимов) ба адабиёт омадааст, аммо шеъри ӯ метавонад оинаи зеҳн, эҳсос ва диди ҷавонони имрӯз бошад.
Рустам Ваҳҳобзода: “Ҳузури маънавӣ асоси пойдории ӯст”
Рустам Ваҳҳобзода дар суханронии худ дар маҳфил ба як нуктаи калидӣ ишора кард: ҳузури маънавии шоир дар адабиёт. Ба андешаи ӯ, Сафар Абдураҳим ба саҳнаи адабиёт осон ворид нашуда, барои истодан дар ин роҳ заҳмати зиёд кашидааст.
Ӯ мегӯяд, ки то кунун Сафар бештар тавассути дубайтӣ шинохта шудааст ва дар ин навъи дилписанд ба таври умум комёб дониста мешавад. Аммо маҷмуаи “Меҳроби офтоб” нишон медиҳад, ки шоир дар ғазал низ ба камол расидааст. Дар ғазалҳои ӯ забон фаҳмо, зинда ва баробар ба меъёри забони адабӣ мебошад. Ин забон, ба таъкиди мунаққид, аз муҳити хонаводагӣ ва фарҳанги зодгоҳ маншаъ мегирад ва маҳз ҳамин омил ба каломи ӯ гармӣ ва воқеият мебахшад.
Воқеият ҳамчун манбаи шеър
Яке аз нуктаҳои муҳим дар таҳлили Рустам Ваҳҳобзода он аст, ки Сафар Абдураҳим шеърро аз батни зиндагии воқеии худ бармедорад. Аз охирин фарзанди тобистон будан то шуғли мусофирбарӣ - ҳама ба шеър табдил меёбанд, аммо на ҳамчун хабар, балки ҳамчун рамз ва маъносозӣ.
Ба андешаи мунаққид, ҳатто агар ин воқеиятҳо дар зиндагии шоир вуҷуд надошта бошанд ҳам, метавонистанд ҳамчун ташбеҳи шоирона пазируфта шаванд. Вале ҳузури воқеии онҳо ба шеър арзиши дигар мебахшад ва хонандаро ба шоир боз ҳам наздиктар мекунад. Дар фарҷоми суханрониаш ӯ бо итминон чунин таъкид намуд: “Роҳи Сафар Абдураҳим дар адабиёт ба пеш боз аст, пеш меравад ва ҳамвор аст”.
Баҳои дигар адибон: озодандешӣ ва ҷавонмардӣ
Дар маҳфил ҳамчунин, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон вижагии асосии Сафар Абдураҳимро дар озодандешӣ ва истиқлоли фикрӣ донист, ки шоирро аз такрор эмин нигоҳ медорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сиришти Сафар шеър ҷой гирифтааст.
Бузургмеҳри Баҳодур, шоири ҷавон пеш аз ҳама ба сифатҳои инсонӣ ва ҷавонмардии шоир ишора карда, таъкид намуд, ки Сафар пеш аз он ки шоир бошад, инсони нек ва содиқ аст.
Ҳамчунин, Бузургмеҳри Тоҷиддин, шоири ҷавон, Хуршеди Эҳсон, шоир ва мунаққид, Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос, Насимбек Қурбонзода, шоир ва Ризои Баҳромзод, олими ҷавон маҷмуаи “Меҳроби офтоб”-ро қадами ҷиддӣ дар рушди шеъри ҷавони тоҷик арзёбӣ карданд.
Тавозуъ, худшиносӣ ва мавқеи иҷтимоӣ
Дар маҳфил таъкид карда шуд, ки мавқеи Сафар Абдураҳим дар ҷомеа, адабиёт ва миёни наздикон бо тавозуъ ва масъулият тавъам аст. Ин ҳолат дар ашъори ӯ низ равшан эҳсос мешавад - хоҳ дар баёни худшиносӣ ва хоҳ дар нигариш ба ҷомеа ва нақди ҳолати маънавии инсон.
Ба вижа, масъалаи ҳифзи робитаи отифӣ миёни инсонҳо дар ашъори ӯ мақоми марказӣ дорад. Ба андешаи Рустам Ваҳҳобзода, ишқ дар шеъри Сафар ҳамоно муассиртарин василаи иртибот дар ин “асри ҷадид” боқӣ мемонад.
Шоири истиқлол ва пайванди устувор бо меҳан
Яке аз бахшҳои муҳимми маҷмуа ба мавзуи Ватан ва истиқлол бахшида шудааст. Сафар Абдураҳим худро ҳамзоди истиқлоли Тоҷикистон медонад ва ин эҳсос дар ашъори ӯ ба таври ифтихормандона таҷассум меёбад.
Мунаққидон таъкид мекунанд, ки новобаста аз он ки шоир муқими марказ нест, пайванди ӯ бо Тоҷикистон - ҳамчун Ватани ягона ҳамеша устувор мемонад.
Чароғе, ки дар музофот фурӯзон аст
Сафар Абдураҳим аз ҷумлаи он шоиронест, ки берун аз марказ зиндагӣ карда, аммо чароғи адабиёти зиндаи тоҷикро дар саросари кишвар фурӯзон нигоҳ медорад. “Меҳроби офтоб” гувоҳи он аст, ки шеъри ҷавони тоҷик бо такя ба зиндагии воқеӣ, забони зинда ва ҳисси баланди миллӣ тавонманди идома бахшидани роҳи адабиёти муосир аст.
Сафар Абдураҳим соли 1991 дар деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Гулчине аз ашъори Сафар
Оне, ки рӯзи сахт ба ёдам расидааст,
Танҳо Худои ман, ки ба додам расидааст.
Ин содагии ҳарфи маро ҷои таъна нест,
Бинвиштаам, ба он чи саводам расидааст.
Мехостам зи ишқу муҳаббат қалам занам,
Аз мурғи бахт парри тазодам расидааст.
Дигар шудан маҳол ба одатрасидаро,
Ҳар зишту хуби ман зи ниҳодам расидааст.
Донам, ки фасли буду набудам гузаштааст,
Акнун, ки фасли боду мабодам расидааст.
Оё хилоф ваъдаи васлат намудаӣ?
Пеш аз ту дарду ғам ба миодам расидааст...
Ошиқ канори ёри азизаш расиду гуфт:
Ҳуре ба ман, ки одамизодам расидааст.
Пушти дари хаёл, ки аз ғам бирӯфтам,
Илҳом бо таронаи шодам расидааст.
* * *
Ҳар шаб назар ба моҳ накардам, намекунам,
Ёд аз ғами пагоҳ накардам, намекунам.
Дар пеши хеши дури ба меҳмониомада,
Ҳамсояро сиёҳ накардам, намекунам.
Шодам аз он ки, ёр, туро баргузидаам,
Дар ишқат иштибоҳ накардам, намекунам.
Бо чашми нек дида ҷаҳонро, ба сӯи кас
Бо чашми бад нигоҳ накардам, намекунам.
Дар орзуи чоҳ ба роҳи касе наям,
Ҳам орзуи ҷоҳ накардам, намекунам.
Шайтон баҳона буд, худ аз раҳ бурун шудам,
Бе амри дил гуноҳ накардам, намекунам.
Поро бурун ниҳодаам аз роҳи шеър, лек
Дилро бурун зи роҳ накардам, намекунам.
***
Хандонлаби дилсияҳ набошем,
Хокӣ шуда хоки раҳ набошем.
Тори дили худ ба ишқ бандем.
Пайванд ба ҳар гираҳ набошем.
Иқрор кунем ҷурми худро,
Мусичаи бегунаҳ набошем.
Навмоҳ бувад сафеду бедоғ,
Озурдаи доғи маҳ набошем.
Аз лофи гузашта даст бардор,
Мову ту ба асри даҳ набошем.
Истода ба по чу кӯҳ бошем,
Дар пои шамол каҳ набошем.
Чоҳе ба раҳи касе накобем,
Хоҳем ба зери чаҳ набошем.
Ҳамсоя нигоҳи хуш надорад,
Дар сояи худ панаҳ набошем.
Эй миллати сарбаланди ман, кош
Сархам ба дари кас аҳ набошем.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”