27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
26.01.2026 16:35

Ду чемпион дар як вазн. Ҷастин Гэтҷи чемпиони муваққатии UFC шуд

25-уми январ дар Лас-Вегас мусобиқаи UFC 324 доир гашт, ки муҳорибаи асосии он миёни Ҷастин Гэтҷи ва Пэдди Пимблетт барои камарбанди муваққатӣ дар вазни сабук буд.

Муҳорибаи Ҷастин Гэтҷи ва Пэдди Пимблетт панҷ раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон Ҷастин Гэтҷи ғолиб омад ва соҳиби камарбанди муваққатии чемпионӣ дар вазни сабук гардид.

Дар ҳоли ҳозир чемпиони асосии вазни сабуки UFC Илия Топурия аст, вале аз сабаби мушкили оилавӣ доштан, ташкилот барои камарбанди муваққатӣ миёни Ҷастин Гэтҷи ва Пэдди Пимблетт муҳориба ташкил кард.

Пас аз мусобиқаи UFC 324 чемпиони муваққатӣ Ҷастин Гэтҷи гуфт, ки ният дорад моҳи июн дар мусобиқаи UFC Кохи Сафед бо чемпион Илия Топурия барои камарбанди асосӣ муҳориба гузаронад.

Ҳамчунин, фарзияи дигар ҳам ҳаст, ки Илия Топурия як вазн боло баромада, бо Ислом Махачев барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна меҷангад ва Ҷастин Гэтҷи муҳорибаи унвониашро бо Арман Старукиян барпо мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.