Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ихтисосҳои нави “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” роҳандозӣ шуданд
Субҳи имрӯз дар нишасти матбуотӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” профессор Муҳиддин Н.Д. иттилоъ дод, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани таҳсилоти тиббӣ ба талаботи муосири соҳаи тандурустӣ ва бозори меҳнат иқдоми нав амалӣ гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо назардошти ниёзҳои афзояндаи соҳа ба иҷозатномаи фаъолияти таълимии Донишгоҳ ду ихтисоси нав - “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” илова гардидаанд. Қабул ба ин ихтисосҳо аз соли таҳсили 2025–2026 расман оғоз ёфтааст.
Ба гуфтаи роҳбарияти Донишгоҳ, роҳандозии ин ихтисосҳо ба баланд бардоштани сифати ташхисҳои лабораторӣ, рушди хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Таълим дар доираи ихтисосҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосир, симуляторҳои тиббӣ ва платформаҳои рақамӣ ба роҳ монда мешавад.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун аввалин муассисаи олии касбии кишвар аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашта, барномаҳои таълимии худро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия намудааст.
Ин иқдом қадами нав дар рушди таҳсилоти олии тиббӣ буда, мавқеи Донишгоҳро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Донишгоҳ иштирок намуда, ба пурсишҳои рӯзноманигорони кишвар посух доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”