27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
26.01.2026 09:27

Акмал Толибов: “Обуначӣ кам бошад, вале воқеан шавқманд”

Дар сегменти тоҷикии шабакаи Инстаграм рӯз аз рӯз блогерон зиёд шуда истодаанд, вале касоне, ки ба нафъи ҷомеа, барои тарғиби зебоиҳо, барои нишон додани давтовардҳо ва ғайраҳо кор мекунанд, хеле кам ҳастанд. Ин навбат Dialog.tj бо Акмал Толибов, блогере, ки дар саҳифааш минтақаҳои зебои Тоҷикистонро хеле муассир ва ҷаззоб нишон медиҳад, суҳбат кард.

Наворҳои таҳиякардаи Акмал Толибов аз дигарон ба кулли фарқ доранд. Мавсуф бо FPV-дрон наворбардорӣ мекунад ва ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки гӯшаҳои зебоманзару тамошобоби Тоҷикистони биҳиштосо ба чашми сайёҳони дохиливу хориҷӣ беҳтару хубтар бирасанд.

- Кай ва чӣ сабаб шуд, ки ба наворбардорӣ, махсусан таҳияи видеоҳо барои шабакаи Инстаграм оғоз кардед?

- Ман ба ин машғулият ҳанӯз соли 2014 шавқ пайдо карда будам. Он вақт ягона василае, ки барои наворбардорӣ доштам, экшн-камераи GoPro буд. Бо гузашти вақт, ин шавқу рағбат маро оҳиста-оҳиста ба олами дронҳо ва наворбардории ҳавоӣ (аэровидеосъёмка) овард, ки албатта, бо гузашти 11 сол дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додам.

- Наворҳои шумо хеле ҷолибанд. Аз баландиҳо зебоиҳои табиатро нишон медиҳед. Бигӯед, ки барои сохтани як видео чӣ қадар вақт сарф мекунед?

- Ин ба ҳар навор вобаста аст. Аксар вақт барои таҳияи як навор дар омодагӣ, наворбардорӣ ва танзим (монтаж) ҳафтаҳо лозим мешавад. Аммо видеоҳои ногаҳонӣ ё тасодуфӣ низ мешаванд, ки навор мегирам ва бо телефон танзим карда, дар саҳифаам мегузорам, ки якчанд соат вақтро мегиранд.

- Шумо бо FPV-дрон навор мегиред. Оё ин дастгоҳ гаронбаҳост?

- Дронҳо вобаста ба вазифа ва нархашон гуногун мешаванд. Дар мавриди FPV-дронҳо бошад, назар ба нарх бештар тахайюли наворбардор ва маҳорати идоракунии ӯ нақши калон мебозад.

- Чун наворҳои шумо бештар аз баландӣ гирифта мешаванд, ин кор чӣ душвориҳо дорад?

- Дар кори мо вазъи обу ҳаво хеле муҳим аст, зеро бештар душвориҳо маҳз бо сабаби нохуб будани ҳаво сар мезананд. Пеш аз оғози наворбардорӣ дақиқ мекунам, ки борону шамол набошад, зеро дар ҳолати боридани борон ва ё вазидани шамол он чизе, ки сабт кардан мехоҳам, наметавонам.

- Чаро худатонро дар наворҳоятон нишон намедиҳед?

- Ман дӯст намедорам, ки худам дар кадр бошам. Бароям бештар писанд аст, ки эҷодиётро нишон диҳам ва эҳсосотамро тавассути тасвир ба бинанда расонам.

- Барои сохтани наворҳоятон чӣ қадар маблағ сарф мекунед?

- Малбағи аниқ гуфта наметавонам, зеро ҳамааш ба наворе, ки бардоштан мехоҳам, вобаста аст. Баъзан барои як видео қувва ва маблағи зиёд сарф мешавад, вале гоҳо наворҳои одии камхарҷ мешаванд, ки ғайричашмдошт зебову хотирмон мебароянд.

- Вақте бори аввал саҳифаи шуморо дидам, гумон кардам, ки ин наворҳоро зеҳни сунъӣ сохтааст. Оё касоне ҳастанд, ки ба шумо чунин мегӯянд?

- Вақтҳои охир дар зери наворҳоям зуд-зуд чунин шарҳҳо менависанд, ки гӯё ин кори зеҳни сунъӣ бошад. Рости гап, чунин шарҳҳо бароям хушоянд ҳастанд, зеро ин маънои онро дорад, ки корҳои ман он қадар ғайриодӣ ва зебоянд, ки одамон ба воқеӣ будани онҳо бовар намекунанд.

- Шумо гӯшаҳои зебои кишварамон ва берун аз онро нишон медиҳед. Маконҳоро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Бештари вақт бо дӯстон аз ғавғои шаҳр гурехта барои истироҳат ба минтақаҳои гуногун меравам. Дар ҳалқаи дӯстон аз тамошои табиат лаззат мебарем ва ҳатто макони махсусеро пешакӣ интихоб намекунем. Идеяҳои наворбардорӣ бошад, алакай дар ҷараёни сафар пайдо мешаванд.

- То имрӯз кадом макон ё навори гирифтаатон бароятон аҷибтарин буд?

— Ҳамаи ҷойҳо ба таври худ аҷибу зебоянд. Аммо шояд маконе, ки ман ҳар сол ба он ҷо бармегардам ва он ҷо эҳсоси як асрори нокушодаро дорад, Чилдухтарон мебошад.

- Наворҳои шумо минтақаҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ мекунанд. Оё аз ҷониби давлат ё ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳоди ҳамкорӣ мешавад?

- Бале, ман барои ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ширкатҳои соҳаи сайёҳӣ омода ҳастам. Чанд бор намояндагони телевизионҳои давлатӣ низ бо пешниҳоди ҳамкорӣ ба ман муроҷиат карда буданд.

- Оё рӯйхати маконҳои махсусеро доред, ки мехоҳед дар оянда он ҷо навор гиред?

- Бале, рӯйхати ҷойҳое ҳаст, ки мехоҳам ба он ҷо равам. Бештар дар бораи онҳо аз шиносон ва ё аз нақли сокинони маҳаллӣ маълумот мегирам.

- Бо вуҷуди контенти ҷолиб, шумораи обуначиёни шумо чандон зиёд нест. Масалан, касе бо як латифагӯӣ 100 ҳазор обуначӣ дорад, вале блоги шумо камтар аз 14 ҳазор. Сабаб дар чист?

- Шояд сабаб дар он бошад, ки контенти ман барои оммаи васеъ нест. Ин бештар дар бораи фазо, эҳсосот ва зебоии лаҳзаҳост, на дар бораи шӯхиҳои зудгузар ё трендҳо. Чунин формат одатан аудиторияи худро каме сусттару дертар пайдо мекунад. Ба назари ман, обуначиёни саҳифаам касоне ҳастанд, ки воқеан ин видеоҳоро эҳсос ва қадр мекунанд. Фикр мекунам, беҳтар аст, ки обуначӣ кам бошад, вале воқеан шавқманд.

- Ба фикри шумо, ҳоло блогинги тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Фикр мекунам, ки мо ҳанӯз ҷойи рушд дорем ва иқтидори блогинги тоҷик хеле зиёд аст.

- Ҳар сол маросими ҷоизасупории блогерон баргузор мешавад, чаро шуморо дар он ҷо намебинем?

- Рости гап, намедонам. Шояд сабаб он бошад, ки наворбардорӣ барои ман на кори асосӣ, балки бештар як машғулияти дӯстдошта аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.