Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Душанбе: Маблағи буҷет 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор дошт, ки соли 2025 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ки рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид.
Ҳамчунин, дар ҳисоботи раиси шаҳр гуфта шуд, ки дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд.
Афзуда шуд, ки суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024-ум 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд. Аз ҷумла дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда сохта, ба истифода дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”