27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
26.01.2026 07:20

Бори якум дар кишвар панҷ бемори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия шуданд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар табобати саратони ғадуди простата бо усули эндоскопӣ бомуваффақият амалӣ гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода иттилоъ медиҳад, бо ин усули нав ба 5 нафар бемори гирифтори саратони ғадуди простата ҷарроҳии простатэктомия  гузаронида шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки "то ҷори гардидани усули эндоскопӣ табобати ҷарроҳии саратони ғадуди прастата асосан бо усули анъанавии кушода гузаронида мешуд. Дар ин намуди ҷарроҳӣ буриши калон анҷом дода шуда, бо осеби зиёди бофтаҳо, хунравии нисбатан зиёд ва давраи тӯлонии барқароршавии беморон анҷом меёфт. Беморон баъди ҷарроҳии анъанавӣ муддати зиёд дар беморхона бистарӣ шуда, хатари пайдоиши оризаҳои баъдиҷарроҳӣ низ баландтар буд".

Манбаъ меафзояд, ки бо ҷори намудани усули эндоскопии ҷарроҳӣ  имкониятҳои табобати саратони ғадуди прастата ба сатҳи нав баромад. Ин усул бо буришҳои хурд анҷом дода шуда, хунравӣ ва осебнокии бофтаҳоро ба ҳадди ақал мерасонад. Дар натиҷа, дарди баъди ҷарроҳӣ камтар буда, муҳлати бистаришавӣ кутоҳ (6–7 шабонарӯз) мегардад ва беморон зудтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.