Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Сертификати мутобиқат талаб намоед”. Муроҷиати Тоҷикстандарт ба ронандагон
Агентии Тоҷикстандарт дар муроҷиатномае ба ронандагони воситаҳои нақлиёт гуфтааст, ки ҳангоми харидории Антифриз ба сифати он диққат дода, аз фурӯшандагон сертификати мутобиқат талаб намоянд.
Ин ниҳод меафзояд, ки дар фасли зимистон ба ронандагон моеъи зиддисардӣ – Антифриз хеле зарур мешавад ва дар ин давра бархе савдогарон аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ навъҳои пастсифату ғайристандартии Антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд.
“Гарчанде кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе аз фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот басифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд”, - омадааст дар иттилоия.
Агентии Тоҷикстандарт таъкид мекунад, Антифризи ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд, инчунин, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”