Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Несту нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки муҳлати истеъмолашон гузашта буд
Хадамоти матбуоти Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб хабар медиҳад, ки зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорону фурӯшандагон як қатор молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузашта, инчунин, ба талаботи стандартҳои амалкунанда ҷавобгӯ набуданд, муайян карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки маҳсулоти муайяншуда, ки муҳлати истеъмолашон гузашта буданд, бо дархости худи соҳибкорон аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида несту нобуд карда шуданд.
"Раванди несту нобуд намудани молу маҳсулоти пастсифат дар ҳузури ҳайати комиссияи махсус ва намояндагони васоити ахбори омма сурат гирифт. Ин тадбир бо мақсади пешгирии воридшавии маҳсулоти хатарнок ба бозор, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти соҳибкорон амалӣ гардид", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб таъкид мекунад, ки соҳибкорон ва фурӯшандагон ҳангоми воридот, нигоҳдорӣ ва фурӯши молу маҳсулот ба муҳлати истеъмол, сифати маҳсулот ва талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”