Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷиноят пешгирӣ шуд. Аз ноболиғон ду корд мусодира гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз пешгирии ҷинояти авбошӣ миёни ноболиғон хабар дод.
Тавре ки манбаъ менависад, кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дар натиҷаи санҷишҳои фаврӣ аз содир гардидани ҷинояти авбошӣ байни ноболиғон пешгирӣ намуданд.
Афзуда мешавад, ки "дар асоси хабари расида, шоми 19-уми январи сори ҷорӣ як гурӯҳ ноболиғони мусаллаҳ бо предметҳои халандаю бурранда, дар кӯчаи С.Айнӣ ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намоянд. Кормандони милитсия, дар ҷойи ҳодиса 6 ноболиғро дастгир намуданд. Зимни кофтуков аз онҳо ду адад корди гуногунтамға дарёфт ва мусодира карда шуд".
Гуфта мешавад, ки дар баробари баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон, нисбати волидони ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”