Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Протоколи волидон, ҳабси молики маркази компютерӣ. 20 хонанда ба ҷойи дарс дар маркази бозиҳо буданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки 20 хонандаи мактаб дар вақти дарсӣ дар маркази бозиҳои компютерӣ ба бозиҳои гуногуни зараррасон машғул буданд.
Манбаъ меафзояд, ки Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус зимни амалёти санҷишӣ 20 хонандаи МТМУ рақами 1 ноҳияи мазкурро дар вақти дарсӣ ба ҷойи дарс дар маркази бозиҳои компютерӣ дастгир намуд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба волидони 20 хонандаи дастгиршуда барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд.
Инчунин, нисбат ба роҳбари маркази бозиҳои компютерии “Кибер клуб” Камолов Азимҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳритус барои ба ноболиғон додани иҷозати воридшавӣ ба маркази бозиҳои компютерӣ дар вақти дарсӣ тибқи талаботи моддаи 479 қисми 1-и Кодеси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суд ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”