Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Қарз ва грант барои харидории автобуси барқӣ. Вазорати молия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишнома имзо карданд
20-уми январ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2» доир шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки созишномаҳои мазкур аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати молия хабар медиҳад, арзиши созишномаҳои мазкур 10,0 млн евроро буда, аз он маблағи қарзӣ 6,4 млн евро ва маблағи грантӣ 3,6 млн евроро ташкил менамояд.
“Ҳадафи асосии лоиҳа ин харидории автобуси барқӣ ва таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад”, - зикр мегардад дар хабарномаи вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”