Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Огоҳӣ: Бориши барфи шадид ва мушкилшавии вазъи роҳҳо пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 22-юми январ дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, тумани ғализ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд мебошад, ки метавонад боиси мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт гардад.
Дар ин росто, Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон, махсусан ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо нияти сафар доранд, тавсия медиҳад, ки то қадри имкон сафари худро мавқуф гузоранд, пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаворо мушаххас намоянд, инчунин қоидаҳои бехатарии ҳаракатро ҳамаҷиҳата риоя кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”