Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маҷмуаи “Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ аз чоп баромад
Китоби “Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ” дар ҷамъоварӣ ва таҳияи Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ аз чоп баромад.
Маҷмуаи “Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ” пораҳои зиндагии шахсони гуногунанд, ки роҳи расидан ба хушбахтиро арзёбӣ карда, ба хонанда таъсири амиқ мерасонанд.
Ҳикояҳои кутоҳи китоби мазкур нишон медиҳанд, ки роҳи расидан ба хушбахтӣ гуногун аст ва инсон вобаста аз хоҳишоту ҳадафҳо ин неъматро дармеёбад.
Тавре ки дар пешсухани китоб омадааст: “Ҳикояҳои маҷмуа нишон медиҳанд, ки хушбахтӣ метавонад дар як табассуми пиразане ниҳон бошад. Хушбахтиро вақте метавон эҳсос кард, ки ба кӯдаке суроғаи ҳоҷатхонаи боғро нишон медиҳед. Аз қайди ҳар ҳарфи қаноатмандӣ дар дафтари хотираҳо хушбахтӣ зоҳир мегардад. Хушбахтӣ дар бахшиш пурсидану бахшидан аст. Хушбахтиро баъзеҳо дар иҷрои корҳое дармеёбанд, ки дар аввал барояшон душвор ё нохушоянд буд. Боварӣ ба худу ояндаи дурахшон ҳам инсонро хушбахт мекунад. Ва ҳатто, баъзан вақт зинда мондану нафас кашидан ҳам боиси хушбахтӣ мегардад”.
Китоби “Ҳикояҳо дар бораи хушбахтӣ” ба доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”