Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори Агентии Тоҷикстандарт: “Ҳангоми харидорӣ ва истифодаи маҳсулоти консервашуда эҳтиёткор бошед”
Агентии Тоҷикстандарт ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми харидорӣ ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошанд, зеро дар ҳолати вайрон будани ин гуна маҳсулот имкони заҳролудшавӣ, ҳатто ба ботулиз гирифтор гардидан аст.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби заҳролудшавии одамон ин истеъмоли хӯришҳои консервашуда, аз он ҷумла дар шароити хона тайёр гардидаанд, мебошанд. Ҳамчунин, асоси рӯй додани ин ҳолат ҳангоми омода намудани маҳсулот риоя нагаштани талаботи беҳдоштӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоияи Агентии Тоҷикстандарт.
Ҳамчунин, Агентии Тоҷикстандарт тавсия медиҳад, ки барои пешгирӣ аз заҳролудшавӣ сокинон танҳо консерваҳои бо тамға ва дорои санаи истеҳсолро харидорӣ намоянд, консерваҳоро дар ҷойи хунук ва хушк нигоҳ доранд ва пеш аз истифода бубинанд, ки агар кафк карда бошад, аз истеъмол худдорӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”