Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
ВМКБ: Нақшаи даромади буҷети вилоят 11,6 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардид
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳикомияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар соли 2025 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 271,8 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 283,4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар вилоят ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2025-ум 521 миллиону 95 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба буҷети соли 2024-ум беш аз 130 миллиону 998 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 83,6 фоизи хароҷоти буҷети умумии вилоятро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025-ум 138 лоиҳаро ба маблағи 4 миллиарду 759 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026-ум 103 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 905,7 миллион сомонӣ, ки аз рӯи лоиҳаҳои амалигардида 75 фоиз ва аз рӯйи маблағҳои ҷалбгардида 103,2 фоиз ба иҷро расидааст. Инчунин, ҳоло 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 412,1 миллион доллар амалӣ шуда истодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”