27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.01.2026 15:49

Шаффофият ва дақиқият. Таъсиси портали электронӣ барои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Тибқи тағйирот ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» портали электронӣ таъсис дода шуд.

Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, портали электронӣ бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои бадастовардаи ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳадаф аз таъсиси портали электронӣ он аст, ки дар он ғолибони даври дуюми озмун вобаста ба номинатсияҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурра ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад.

Иттилоъ дода мешавад, ки таъсиси портали электронӣ ҳамзамон ба пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат менамояд. Ин иқдом барои рақамикунонии озмуни мазкур дар оянда махзани пурраи маълумот мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти кишвар барои баргузорӣ ва қадрдонии ғолибони озмуни мазкур дар соли равон 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.