Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Даромади буҷати суғуртаи иҷтимову нафақа ва теъдоди нафақагирон зиёд шудааст
Бино бар иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳолати 31-уми декабри соли гузашта панҷ миллиарду 526,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, 109 фоиз таъмин шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки дар ҳамин ҳол ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз шаш миллиард сомонӣ ворид гардид, ки назар ба соли 2024 як миллиарду 109,9 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба ҳолати якуми январи соли равон шумораи умумии нафақагирон 877 206 нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 516 нафар (4,8 дарсад) мебошад.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи сентябри соли гузашта нафақаи 847 ҳазор нафақагир зиёд шудааст. Аз ин шумора, 346,5 ҳазор нафақаи суғуртавӣ, 272,7 ҳазор нафақаи меҳнатӣ ва 227,8 ҳазор нафақаи иҷтимоӣ мегирифтаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки имсол ҳам нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”