27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
15.01.2026 10:27

Вазорати кишоварзӣ: “Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,5 фоиз афзоиш ёфт”

Тибқи иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми соли гузашта ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Манбаъ меафзояд, ки истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ бо афзоиши 9,9 фоиз ба 56,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ бо 8,5 фоиз, ба 28,1 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 истеҳсоли картошка 5,4 фоиз зиёд гардида, 1332,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, истеҳсоли сабзавот 2,4 фоиз (3377,9 ҳазор тонна), зироатҳои полизӣ 9,6 фоиз (1254,4 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад, меваҷот 16,0 фоиз (954,3 ҳазор тонна), ангур 19,4 фоиз (346,1 ҳазор тонна), гӯшт 9,2 фоиз (454,3 ҳазор тонна), аз он гӯшти паранда 7,2 фоиз (50,8 ҳазор тонна), шир 2,5 фоиз (1206,7 ҳазор тонна), тухм 12,1 фоиз (1419,3 миллион дона), пашм 4,8 фоиз (9,5 ҳазор тонна), гирифтани гӯсола 5,0 фоиз (746 ҳазор сар), бараву бузғола 5,7 фоиз (2987 ҳазор сар), тойча 10,2 фоиз (20 ҳазор сар) ва истеҳсоли чуҷа 1,6 маротиба зиёд гардида, ба 27,0 миллион сар баробар шудааст.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ ба 392,2 ҳазор тонна расида, иҷрои дурнамо 100,6 фоиз таъмин гардид, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 139,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.