Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳабиб Нурмагомедов: “Футболбозонро иваз кардан даркор, мураббиро не”
Ҳабиб Нурмагомедов, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук, ки дар масъалаҳои доғи рӯз ҳам ҳамеша назарашро мегӯяд, ин навбат ба ҳимояи собиқ сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Хаби Алонсо овоз баровард.
Варзишгари доғистонӣ, ки аз ҷумлаи мухлисони бошгоҳи шоҳона маҳсуб меёбад, хабари аз кор рафтани Хаби Алонсоро маҳкум карда, дар саҳифаи Инстаграмаш чунин навиштааст: “Ба фикри ман Хаби Алонсо ба сегонаи беҳтарин мураббиёни муосир дохил мешавад. Аммо чун ҳайати даста бо ӯ ҳамфикр будан наметавонанду идеҳояшро дастгирӣ намекунанд, беҳтар аст, ки футболбозонро иваз кард, на мураббиро. Ман боварӣ дорам, ки ягон мураббӣ аз уҳдаи идораи ҳайати ҳозираи дастаи “Реал Мадрид” намебарояд. Даста бояд аз бархе футболбозони худхоҳ халос шавад”.
Ҳамчунин, Хаби Алонсо расман ба роҳбарият, футболбозон ва мухлисони даста миннатдорӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”