Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати корҳои хориҷии Қатар: Ташаннуҷ байни ИМА ва Эрон метавонад ба оқибатҳои фоҷиабор оварда расонад
Қатар аз эҳтимоли оқибатҳои фоҷиабори афзоиши танишҳо байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор медиҳад. Ба иттилои расонаҳои ин кишвар Доҳа бо ҳарду ҷониб тамосҳо барқарор кардааст, то ба устуворсозии вазъияти минтақавӣ ва коҳиши ихтилофот байни Вашингтон ва Теҳрон мусоидат намояд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар Маҷид ал-Ансорӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш талош дорад дар заминаи рӯйдодҳои ахири Эрон барои коҳиши танишҳои афзоянда миёнҷигарӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, идомаи вазъи кунунӣ метавонад ба шиддат гирифтани нооромиҳо дар минтақа сабаб шавад. “Қатар чораҳои коҳиши танишҳоро меандешад. Мо огоҳ ҳастем, ки ҳар гуна ташаннуҷ барои минтақа ва берун аз он оқибатҳои фоҷиабор хоҳад дошт. Аз ин рӯ, мо мехоҳем аз чунин сенария пешгирӣ кунем”, - мегӯяд Ал-Ансорӣ.
Вай таъкид кард, ки дипломатия ҳамчунон муассиртарин роҳ барои ҳалли буҳрони минтақавӣ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи сухангӯ, Қатар дар ҳамкорӣ бо шарикон ва кишварҳои ҳамсоя барои расидан ба ин ҳадаф фаъолона кор мебарад.
Чанде пеш хабаре нашр шуд, ки Доналд Трамп, президенти ИМА дар хитоб ба муътаризони Эрон гуфтааст, “кумак дар пеш аст”. Ин суханони Доналд Трампро ҷомеаи ҷаҳонӣ дахолати ошкоро ба кори дохилии кишвари дигар бо ҳадафҳои нопок ва вайронкунанда медонанд, ки ба ноамнии минтақа сабаб мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”