27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
14.01.2026 09:10

Дар Белгия истеҳсоли энергияи офтобӣ ба сатҳи рекордӣ расид

Истеҳсоли энергияи офтобӣ дар Белгия дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 21 фоиз афзоиш ёфта, ба нишондиҳандаи рекордӣ расидааст. Дар натиҷа, саҳми манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар тавозуни энергетикии ин кишвар қариб ба сатҳи неруи ҳастаӣ баробар шудааст, хабар медиҳад Шабакаи энергетии Белгия - ширкати Elia.

Тибқи гузориши солонаи Elia, ҳаҷми истеҳсоли энергияи офтобӣ дар соли ҷорӣ ба 10,1 тераватт-соат мерасад, ки баландтарин нишондиҳанда дар таърихи ин кишвар мебошад. Танҳо дар моҳи июн рекорди ҳармоҳа - 1370 гигаватт-соат  ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ширкат, ин афзоиш пеш аз ҳама ба васеъ гардидани иқтидори насбшудаи неругоҳҳои офтобӣ (+10 фоиз) ва шароити мусоиди обу ҳаво вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, шароити иқлимӣ дар Аврупои Ғарбӣ барои неруи бод чандон мувофиқ набуд. Бо вуҷуди афзоиши иқтидор, истеҳсоли неруи бодӣ дар сатҳи 12,3 тераватт-соат боқӣ монда, нисбат ба соли гузашта 2 фоиз коҳиш ёфт.

Истеҳсоли неруи ҳастаӣ дар Белгия низ коҳиш ёфтааст. Дар соли 2025 ҳаҷми он 22,5 тераватт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 24 фоиз камтар аст. Бо вуҷуди ин, неруи ҳастаӣ ҳамоно 34 фоизи бозори энергетикии кишварро дар бар мегирад. Коҳиши истеҳсол ба баста шудани се реактори ҳастаӣ марбут аст.

Дар маҷмуъ, истеҳсоли ҳамаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Белгия ба 22,4 тераватт-соат расида, нисбат ба соли гузашта 7 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда 34 фоизи тавозуни энергетикии ин кишварро ташкил медиҳад, ки рекорди нав ба ҳисоб меравад.

Гузориш ҳамчунин, нишон медиҳад, Белгия соли сеюм аст, ки воридкунандаи холиси нерӯи барқ боқӣ мемонад. Ҳаҷми умумии воридот нисбат ба содирот 14 тераватт-соат бештар аст. Қисми асосии нерӯи барқ аз Фаронса ва Нидерландия (ҳар кадом тақрибан 10 тераватт-соат) ворид мегардад, дар ҳоле ки Белгия неруи барқро ба Олмон, Британияи Кабир ва Люксембург содир мекунад. Ҳаҷми умумии мубодилаи байналмилалии неруи барқ бо кишварҳои ҳамсоя 42 тераватт-соатро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшида, барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.