27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷаннат Ҳусейнзода: “Мусиқӣ барои ман ҷузъи аслии ҳастӣ ва роҳнамои ҳаёт аст”
“Ба фикри ман, мусиқӣ танҳо садо ё оҳанг нест, балки он маънои зиндагӣ аст. Он забонест, ки бе калимаҳо ҳарф мезанад, эҳсосотро бедор мекунад ва рӯҳро ғизо медиҳад. Мусиқӣ қудрат дорад одамонро ба ҳам наздик кунад, дар лаҳзаҳои душвор таскин бахшад ва дар рӯзҳои шод умеду нерӯ диҳад. Рисолати мусиқӣ дар ин дунё, ба назари ман, овардани нур, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон аст. Мусиқӣ инсонро бо худи ботинаш мепайвандад ва ба зиндагӣ маънои амиқ мебахшад. Мусиқӣ роҳ, нафас ва маънии ҳастии ман мебошад”, - мегӯяд Ҷаннат Ҳусейнзода.
Ин навбат хабарнигори Dialog.tj бо Ҷаннат Ҳусейнзода, пианононавоз, дирижёр, ҷавонтарин узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва шахсе, ки худро бемусиқӣ тасаввур карда наметавонаду дар ин роҳи душвору заҳматталаб ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст, ҳамсуҳбат шуд.
- Чӣ шуморо ба дунёи мусиқӣ овард?
- Дар оилаи мо мусиқӣ ҳамеша як чузъи мухити хонаводагӣ буд ва асбоби мусиқии пианино дар ҳама маврид, новобаста аз ҷойи зистамон, моро ҳамроҳӣ мекард. Аз хурдсолӣ ман бештар ба мусиқии классикӣ майл доштам. Пианино ин шавқи маро вусъат дод ва тадриҷан хоҳиши амиқи омухтани навозиши он дар манн шакл гирифт. Ман фикр мекунам, ки осори ниёгони халқи тамаддунофари мо, дар мисоли Борбади Марвазӣ, Устод Рудакӣ ва эҷодиёти оҳангсозони муосир аз ҷумла З. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, А. Солиев, А. Бабаев, ки ҳамеша дар фазои фарҳангии кишварамон руҳафзо аст, дар интихоби ин масир нақшофар буд. Ин шавқу ҳаваси аввалия на танҳо натиҷаи таъсири муҳит, балки он ба як ангезаи ботинӣ табдил ёфт, ки дертар роҳи касбии маро муайян кард. Аз лаҳзаҳои аввали қадам ниҳодан дар ин масир фаҳмидам, ки мусиқӣ барои ман танҳо як ҳавас нест, балки роҳи рушди шахсӣ ва эҷодии ман хоҳад шуд.
- Дар дунё хеле кам ҳастанд одамоне, ки аз кӯдакӣ ба ин ё он кор машғул шаванд. Чун шумо аз хурдӣ ба мусиқӣ машғул ҳастед, оё кӯдакии ҳақиқӣ доштед, оё бо ҳамсолонатон бозӣ мекардед, оё бозии дӯстдошта доштед?
- Кӯдакии ман дар муҳите гузашт, ки пур аз мусиқӣ, эҷодкорӣ ва дӯстони ҳамназар буд. Ин муҳит барои ман сарчашмаи шодӣ, илҳом ва рушди шахсӣ гардид. Мо якҷоя бо дӯстон дар консертҳо, фестивалҳо ва мусобиқаҳои гуногун баромад мекардем, таҷрибаи саҳнавӣ меандӯхтем ва аз якдигар меомӯхтем. Ин чорабиниҳо на танҳо малакаҳои ҳунарии моро сайқал медоданд, балки ҳисси масъулият, ҳамнавозӣ ва боварӣ ба худро низ дар мо ташаккул менамуданд. Дар вақти холӣ аз дарсҳои мусиқӣ мо бозиҳои гуногун мекардем баҳра мебурдем. Ин тавозуни рангин миёни омӯзиши мусиқӣ ва шодии кӯдакона хотираҳое офарид, ки то имрӯз бо гармӣ ба ёд меорам.
- Омӯзиши шумо дар мактаби мусиқӣ аз Ӯзбекистон шурӯъ шуд. Аз мактаб, қадамҳои аввалини омӯзиш, муаллимон ва Ӯзбекистон чӣ хотирот доред?
- Устодони аввалини ман Светлана Владимировна Братус (фортепиано), Ирина Берлин (оҳангсоз) ва Муборак Лутфулаева (дирижёр) буданд. Сипас вақте, ки ман дар шаҳри Душанбе таҳсили касбиро идома додам, устодони ман Агапова Лариса (салфеҷио ва гармония) ва Саодатова Парасту (фортепиано) буданд. Ҳар кадоми онҳо на танҳо донишу малакаи касбиро ба ман омӯзонданд, балки муҳаббат ба мусиқиро дар дилам бедор карданд ва густариш доданд. Ман аз онҳо ниҳоят миннатдорам, ки маро дастгирӣ мекарданд, ба эҷодкорӣ ва омӯзиши ҷиддӣ роҳнамоӣ менамуданд. Ин устодон барои ман на танҳо омӯзгор, балки намуна ва раҳнамои воқеӣ ҳастанд. Шахсият ва кори онҳо ҳамеша барои ман манбаи илҳом ва эҳтиром хоҳад буд.
- Аз 7-солагӣ мусиқӣ эҷод мекунед. Лутфан дар бораи эҷодӣ як мусиқӣ бигӯед, ки он чӣ тавр тавлид мешавад?
- Ман аввалин асари худро дар синни ҳафтсолагӣ навиштам, ки «Рақсҳои Спартан» ном дошт. Вақте ки ман аз муаллимаи худ пурсидам, ки асар чӣ гуна эҷод мешавад, ӯ чунин ҷавоб дод: "Ин саволи каме мураккаб аст, аммо ман фикр мекунам, ки мусиқӣ ибтидо дар вуҷуди оҳангсоз тавлид ва сипас рӯи қоғаз оварда мешавад". Эҷоди мусиқӣ на танҳо техникаи навозиш, балки андешаву ҳиссиёти амиқро низ дарбар мегирад. Ин таҷриба асоси маърифат ва малакаи мусиқии ман шуда, ҳамзамон эътимод ва муҳаббатро ба мусиқӣ қавӣ кард. Дар асарҳои эҷодкардаам намудҳои гуногуни мусиқӣ инъикос ёфтаанд. Ин асарҳо аз солоҳои фортепиано ва ансамблҳои камеравӣ то асарҳо барои овоз ва оркестрҳои калону хурдро дар бар мегиранд. Асарҳои тозаи манн барои фортепиано навишта шуда, ба манн имконият медиҳанд ҳиссиёт ва андешаҳои худро тавассути ин асбоби мусиқӣ ифода кунам.
- Аз 8-солагӣ дирижёри низ мекунед. Дар мавриди душвориҳои ин кор чӣ гуфта метавонед?
- Дирижёр будан бисер ҷолиб аст. Иҷрои ин вазифа шиносоӣ бо созҳои оркестрӣ ва асарҳои мусиқиро тақозо карда, дарки сохти он ва нақши ҳар як қисми оркестрро талаб мекунад. Илова бар ин, дирижёр бояд қобилияти махсуси ибрози ҳис ва фикрҳои худро тавассути ҳаракатҳои дастон ва ишораҳо ба оркестр дошта бошад, то ки ҳар як мусиқӣ ҳамоҳанг ва якдилона иҷро шавад. Ин амал ҳам техника ва ҳам ҳунарро талаб мекунад, зеро дирижёр на танҳо роҳнамо, балки пайвандгари оркестр ва эҷодкор мебошад. Дар маҷмӯъ, ин вазифа омезиши донишу малака, ҳиссиёту ирода ва қобилияти таъсир ба гуруҳро талаб мекунад ва ҳамзамон барои шахс таҷрибаи эҷодӣ ва маънавии беандоза фароҳам меорад.
- Соли 2021 дар 15-солагӣ ҷавонтарин узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон гардидед, ин муваффақиятро чӣ гуна пазируфтед?
- Қабули асарҳои ман эҳсоси масъулият ва илҳом бахшид, то дар роҳи эҷод ва такмили малакаҳоям қадам занам. Ин рӯйдод на танҳо аз назари касбӣ муҳим аст, балки барои ман ҳамчун дастгирии равонӣ ва далели арзишмандии кори эҷодӣ аст. Хушбахт аз онам, ки ба мо, ҷавонони даврони Истиқлоли Тоҷикистон барои омӯзиши илмҳои муосир, аз ҷумла мусиқии академӣ шароити мусоид фароҳам аст.
- Лутфан дар бораи таҳсилатон дар Консерваторияи шоҳигарии Брюссел маълумоти пурра бидиҳед.
- Ҳоло дар соли аввали таҳсил дар зинаи магистратура дар риштаи фортепиано ва ҳамзамон соли аввали таҳсил дар зинаи бакалавриат дар риштаи дирижёрии оркестр қарор дорам. Устодонам Боян Воденичаров (фортепиано) ва Барт Букарт (дирижер) мебошанд. Якҷоя кардани ин ду самт таҷрибае хеле боарзиш ва фароғатбахш мебошад. Дар назари аввал, ин ду фан хеле фарқ мекунанд, вале дар амал онҳо якдигарро ба таври табиӣ пурра менамоянд, ки ба рушди техника ва эҷодиёти ман кӯмак мерасонанд. Ба шарофати таҳсил дар ин муҳити илмию фарҳангӣ, дӯстон ва ҳамкасбони зиёде аз кишварҳои гуногуни дунё пайдо кардам, ки мо якҷоя дар консертҳо ва озмунҳо баромад мекунем ва таҷрибаи эҷодӣ ва саҳнавии худро зиёд менамоем. Чанде пеш бо ҳамкурсони худ аз Ҷопон (скрпика) ва Люксембург (виолончел) мо “Трио”-и бо номи “Сол” эҷод кардем. Ният дорем, ки дар маҳфилҳо, аз ҷумла озмунҳои касбӣ, иштирок кунем.
- Оё вақти интихоби касб ба ҷуз роҳи мусиқӣ дигар касбе доштан намехостед?
- Дар синни 12-солагӣ ман муддате ба касби духтур, аниқтараш ҷарроҳи асаб, таваҷҷӯҳ карда будам. Аммо зуд фаҳмидам, ки зиндагии худро бе мусиқӣ тасаввур карда наметавонам. Мусиқӣ барои ман на танҳо ҳавас ё шавқ, балки ҷузъи аслии ҳастӣ ва роҳнамои ҳаёт аст, ки маро ба эҷодкорӣ ва омӯзиш водор мекунад. Новобаста аз ин тиб ҳам ҳануз дар меҳвари назари ман қарор дорад.
- Тӯли фаъолиятатон шумо дар озмунҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмунҳои байналмилалии “Москва встречает друзей» ва «Талант – это ты» иштирок кардаед. Лутфан дар бораи ин озмунҳо ва чӣ гуна муваффақ шуданатон ба мо қисса кунед
- Барои ман иштирок ва ғолиб шудан дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” шарафи бузург буд. Иштирок дар озмун муҳаббати манро ба Ватани азизам афзуд. Бо истифода аз ин фурсат, мехостам минатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарпарастии ин озмун ва дастгирии ҷавонони болаёқат баён кунам. Бешубҳа, озмуни мазкур дар муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ ва ватандустиву зебоипарастии ҷомеа нақши барҷаста мегузорад. Илова бар ин, ман дар озмунҳои байналмилалии «Москва встречает друзей», «Талант – это ты», Steinway Piano Competition Belgium, Emmanuel Durlet International Piano Competition ва дигар озмунҳо низ иштирок кардам. Ҳар як озмун барои ман имконият буд, ки малака ва эҷодиёти худро такмил диҳам ва ҳамзамон аз дигар ҳунармандон омӯзам ва илҳом гирам.
- Одами эҷодкор хеле эҳсосӣ мешавад, оё буданд озмунҳое, ки шумо муваффақ нашуда бошед ва худатонро аз қаҳру ғазаб идора карда натавониста бошед?
- Ҳар мусобиқа барои ман на танҳо озмоиши малака, балки имконияти омӯзиш, рушд ва таҷриба андӯхтан мебошад.
- Маҳсули эҷодиро баҳо додан кори осон нест, оё дар тӯли фаъолиятатон буданд ҳолатҳое, ки ба кори шумо баҳои сазовор надода бошанд?
- Барои ман ҳар гуна андеша ва баҳогузорӣ имкониятест баҳри афзун кардани малака, такмили эҷодкорӣ ва рушд дар роҳи касбӣ, инчунин барои инкишофи шахсӣ ва такмил додани кори худ.
- Барномаҳои консертии хеле зиёд ташкил кардаед, хотирмонтаринаш кадом аст?
- Дар соли 2023 як консерт дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир кардам. Дар соли 2024 баъд аз ғолибият дар Steinway Piano Competition Belgium, ман дар маҷмааи консертии “BOZAR”-и шаҳри Брюссел ва ҳамчунин дар маҷмааи консертии “Flagey”-и шаҳри Брюссел консерт баргузор намудам, ки таҷрибаи саҳнавӣ ва эҷодии маро боз ҳам ғанитар сохт. Ғайр аз ин, ман ҷоизадори Emmanuel Durlet International Piano Competition дар шаҳри Антверпен, дар категорияи то 30-сола ҳастам, ки ин барои ман дастоварди муҳими касбӣ мебошад. Дар давоми солҳои 2023-2024 дар барномаҳои консертӣ зери унвони «Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ» дар шаҳрҳои Брюссел, Ҳерне, Силли, Галмаарден, Аалст, Беринген ва Оттини-Лювен-ля-Нёви Подшоҳии Белгия, Бредаи Подшоҳии Нидерланд ва Гамбурги Олмон фаъолона иштирок намудам. Дар моҳи сентябри соли 2025, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ман бо сарояндаи опера Шоҳрух Юнусов дар театри Meervaart-и Амстердам да рбарномаи консертие, ки пурра аз асарҳои классикии тоҷикӣ иборат буд, баромад кардам. Ин рӯйдод на танҳо барои муаррифии фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муҳим буд, балки барои ман ҳамчун ҳунарманди ҷавон таҷрибаи фаромӯшнашаванда ва ифтихорбахш ба ҳисоб меравад.
- Шумо касе ҳастед, ки аз хурдӣ дар маркази таваҷҷуҳед ва хеле зиёд шуморо таъриф мекунанд. Миёни ин қадар таваҷҷуҳу таърифи зиёд худатонро чӣ гуна эҳсос мекунед?
- Ман пеш аз ҳама худро хеле миннатдор аз дастгирии атрофиён эҳсос мекунам. Ин таваҷҷуҳ ва суханони нек барои ман манбаи илҳоманд ва масъулияти маро бештар мекунанд. Онҳо маро водор месозанд, ки ҳамеша болои худ кор кунам, рушд ёбам ва ба эътимоде, ки ба ман доранд, сазовор бошам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”