Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт дар як рӯз ду фолбинро дастгир кард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта ду ҳолати ба фолбинӣ машғул шуданро ошкор намуд.
Гуфта мешавад, ки кормандони Шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт зимни машғул шудан ба фолбинӣ шаҳрванд Шуляк Тамара, сокини 63-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, номбурда муддати тулонӣ ин амали нангинро пешаи худ намуда, онро василаи ба даст овардани манфиати молиявӣ табдил додааст.
Манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Алмамадов Гулмамадро ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба номбурдагон бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6 ҳазор сомонӣ таъин карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”