Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мақомоти Эрон: Вазъият пас аз эътирозҳо пурра таҳти назорат аст
Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор мекунанд, ки пас аз эътирозҳои оммавии зиддиҳукуматӣ вазъият дар кишвар пурра таҳти назорат қарор дорад. Дар ин бора хабаргузориҳои Эрон иттилоъ медиҳанд.
Ба гуфтаи мақомоти Эрон, нерӯҳои хориҷӣ ба кӯшиши сӯиистифода аз рӯйдодҳои дохилӣ бо ҳадафи дахолат ба корҳои дохилии кишвар муттаҳам мешаванд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ рӯзи душанбе зимни мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ки аз ҷониби шабакаи хабарии ҷаҳонӣ пахш гардид, изҳор дошт, ки пас аз эътирозҳои ахир вазъият “таҳти назорати пурра” қарор дорад.
Ӯ гуфт, эътирозҳо, ки дар чанд минтақаи кишвар ба амал омадаанд, ба хушунат ва хунрезӣ печидаанд ва метавонанд ҳамчун “баҳона” барои дахолати эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида истифода шаванд.
“Ҳоло вазъият пурра назорат мешавад. Эътирозҳо ба хушунат ва хунрезӣ табдил ёфтанд, то ба Доналд Трамп баҳонае барои дахолат пеш оваранд”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Эрон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”