Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боз як ҷарроҳӣ аввалин бор дар Тоҷикистон анҷом дода шуд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як бемор бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду стенти худкушодаи металлӣ гузошта шудааст.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бемор бо шикоятҳои зардшавии луобпардаҳо ва склера, ранги пешоб сурхчатоб, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва заъфи умумӣ ба маркази мазкур муроҷиат кардааст.
Гуфта мешавад, ки ташхис дар бемор омоси сараки ғадуди зери меъда, ки ба дувоздаҳангушта ва меъда паҳн мешавад, инчунин, зардшавии механики ва стенози декомпенсатсияшудаи пилорикиро нишон додааст.
“Ҳамин тавр, ба бемор ҷарроҳӣ бо истифода аз холангиопанкреатографияи ретроградии эндоскопӣ (ERCP) ва папиллосфинктеротомияи эндоскопӣ бо гузоштани стенти худкушодаи металлии нитинол, ки дарозии 8 см ва диаметри 1 см дорад, ба роҳҳои сафро гузаронида шуд. Аз сабаби стенози шадиди пайванди меъда ва дувоздаҳангушта, ба бемор иловатан стенти худкушодаи металлии нитинол бо дарозии 12 см ва диаметри 22 мм низ гузошта шуд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷарроҳиро Сорбон Мусоев, номзади илмҳои тиб, мудири шӯъбаи ташхис ва табобати маркази мазкур иҷро карда, ҳоло ҳолати бемор хуб буда, дар муддати кӯтоҳ ба хона рухсат дода хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”