Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барои аҳолӣ 17 фоиз қимат. Нархи истифодаи барқ гарон мешавад
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар аз 1-уми феврали соли равон тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои ҳамаи истеъмолгарони барқ, аз ҷумла аҳолӣ боло меравад.
Ҳамин тавр, арзиши истифодаи барқ барои аҳолӣ 17% қимат шуда, аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам барои 1 кВт/соат мерасад.
Зикр мегардад, ки агар оила дар як моҳ аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд нерӯи барқ масраф кунад, маблағи зиёдатӣ на бо нархи маъмулии аҳолӣ, балки бо тарифи баланди саноатӣ яъне 94,65 дирам ҳисоб карда мешавад.
Ҳамчунин, тибқи Қарори Ҳукумати кишвар, аз 1-уми феврал бори аввал барои пур кардани барқи электромобилҳо тарифи махсус муайян мешавад. Яъне аз ин ба баъд барои пур кардани ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқи электромобилҳо нуқтаҳои пуркунандаи барқ 94,65 дирам пардохт мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”